Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба эҳтироми он ҳама солҳои хушбахтӣ ва лутфу садоқаташ ба ман, шавҳарамро худам раҳо кардам, то хонаводаи ҷадид ташкил бидиҳад ва ба орзуяш даст ёбад…
Дигар намехостам издивоҷ кунам, кам-кам ба қароре расидам, ки бачаеро аз парваришгоҳ фарзанд бихонам.
Моҳбегимро мешинохтам, ҳарду як донишгоҳро хатм кардем, якдигарро гоҳу ногоҳ дар маъракаҳои дўстони донишгоҳӣ медидем. Он замон ноиби мудир буд ва маро пайваста ба кор ва ҳам ба фарзандхонӣ ташвиқ мекард.
Билохира розӣ шудам. Корро дар парваришгоҳ шурўъ кардам, аммо дар интихоби кўдак мушкил доштам, дилам ба ҳоли ҳамаи бачаҳои ятим месўхт, ба худ мегуфтам, эй кош метавонистам ҳамаи онҳоро фарзанд бихонам. Худованд сарнавишти маро бо шеваи дигаре рақам зад.
Мавҷигул ба ман нигоҳ кард, чеҳрааш бо ёди хотироти хуши он солҳо дурахшид.
– Моҳбегимро мешиносӣ ҳо?
– Як ду бор дидамаш, аммо дуруст намешиносам.
– Бисёр як зани оқилу дилсўз аст, бештар аз ман ба ояндаам меандешид. Рўзе маро ба дафтари кориаш даъват кард, гуфт, ки кори воҷиб дорад. Рў ба рўяш марде нишаста буд, сархаму лоғару афсурда, шонаҳояш аз фарти буғз меларзиданд. Дар бағал кўдаки навзод дошт, бача аз дарди шикам печутоб мехўрд ва мисли моргазидаҳо чиррос мезад. Он мард ҳамсарашро як ҳафта пеш аз даст дода, бо чаҳор фарзанд, се писару ҳамин навзод танҳо монда буд. Бо гирифториҳои гўру чўб ва хайру худоии ҳамсараш натавонистааст аз кўдак дуруст муроқибат кунад, ўро бо шиками пур аз бод ба парваришгоҳ овард. Намехост духтаракашро ба ятимхона супорад, аммо ноилоҷ буд, ашк аз чашмонаш сарозер мешуд ва дар лойи ришҳои нотарошидааш дармемонд. Дилам ба ҳолаш сўхт. Моҳбегим маро ба ў муаррифӣ кард ва нигоҳубини бачаи маризи он мардро ба ман супурд.

пешина
аз 313
навбатӣ