Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз ман дар ҳузури раҳбари пансион имтиҳон гирифт, хушҳол шуд, ба мудир гуфт, ки дар миёни ин ҳама ҷавонҳои густоху ситезаҷў, барои аввалин бор як донишҷўйи умедбахшро мебинад. Бароям китобҳои дарсӣ меовард, ба саҳифаҳои муҳим аломат мегузошт, суолҳои ғофилгирона медод, маро ба имтиҳоноти давлатӣ омода мекард.
Корам дар парваришгоҳ ҳам бештар шуда буд, дастёри ҳама будам, шабҳо дар бемористон, рўзона бо мураббиҳо. Хеле кам мехобидам.
Бемористон дар асл кори зиёд надошт, ғизо додан ба се кўдак, иваз кардани пўшаки онҳо ва кўмак ба Ситора, дар ҷараёни доруву дармон вақти зиёд талаб намекард. Се утоқ дар ним соат тамиз мешуд ва баъд шурўъ мекардам ба назофат дар бахши масъулияти Фавзия. Пиразан он қадар аз ман миннатдор буд, ки ҳар бор аз Худованд бароям баракати дунёро илтиҷо мекард.
Он бачаи дар ҳоли беҳўшӣ низ ба масъулиятҳоям изофа шуда буд. Шояд дучори таваҳҳум будам, аммо ба назарам касе бесадо қадамҳоямро думбол мекард ва боди сарсарие ба рўям мезаду раъша бар андомам меафканд.
Гумонам рўҳи саргардони модари он писарак шабу рўз дар ин атроф парса мезад...
Аввалҳо аз тарси он рўҳ ба дидани кўдак мерафтам, баъдҳо сар задан ба он утоқ одатам шуд. Ман дар он тани нимаҷон мухотабе ёфта будам, ҳарфҳоеро ба ў мегуфтам, ки наметавонистам ба дигарон бигўям. Соатҳо дасти кўчакашро дар даст мегирифтаму бо ў дарди дил мекардам, достони зиндагиамро ба ў мегуфтам, сарнавишти падару модарамро, хоҳарамро, холаамро... Девона набудам, медонистам, ки ў маро намешунавад, агар ҳам мешунид, он кўдак аз ҳарфҳои ман чӣ мефаҳмид!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ