Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ё шояд мухотаби ин қиссаҳо, ки мисли эътирофи як насронӣ дар барорбари кашиш садо медод, худи ман будам? Ман он вақт ҳеҷ намефаҳмидам, ки чаро ба ин бачаи дар ҳоли марг сахт вобаста шудаам. Инро дертар пай бурдам. Ў бароям таҷассуми ҳамон кўдаке буд, ки ҳафт моҳ дар шикамам меҷулид... Дилбастагии ман ба Юсуф мабнӣ бар гуноҳҳое буд, ки дар баробари бачаи худам муртакиб шудам, ўро моҳҳо дар шикамам леҳ кардам ва билохира ба куштан додам... Майли ман барои суҳбат бо Юсуф бо азоби виҷдонам муртабид буд, ки ором-ором аз вуҷуди худ дарак медод.
Моҳтоб аз равуои ман ба бахши муроқибатҳои вежа истиқбол кард.
– Дунё пур аз мўъҷиза аст духтарҷон, беморон баъди комаи даҳсола аз ҷой баланд мешаванд, кӣ медонад, дидӣ, ки Худо раҳм мекунад ва Юсуфи мо низ аз он чоҳи торик раҳо меёбад.
– Дишаб вақте канори тахташ менишастам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки моски оксиген бештар бухор мекард, ин чӣ маънӣ дорад?
– Ҳм…ҷолиб аст, бояд навори спирометрро бубинам.
Тўли рўз ҳам ба диданаш биё, албатта агар вақт доштӣ.
Маҳтобро аз ман хушаш меомад, аз Моҳбегим хоҳиш кард, ки маро барои мудати тўлонӣ ба бемористон мансуб кунад. Мудир ин пешниҳоди барои ояндаам муфидро пазируфт. Сар аз он рўз ман корманди доимии бемористон шудам.
Пас аз се ҳафтаи бедорхобӣ ногоҳ ба назарам расид, ки пилки шаффофи чашмони Юсуф такон хўрд. Бовар накардам, ба худ гуфтам, гумон аст бедор шавад. Соате баъд пилкҳояш дубора ларзиданд, ин бор фиреби назар набуд, воқеият буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ