Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Офарин писари гулам, нафас бикаш!
Ниҳоят лўлаи тағзияро аз ҳалқи кўдак берун овард.
Барои аввалин бор кўдакро бе моску лўлаву сими дастгоҳҳои бақои ҳаёт дидам. Бо он сурати аз лоғари пурчин, гунаҳои фурўрафта, чашмони дар косахони сар нишаста ва бадани иборат аз пўсту устухон, шабеҳи пирамарди ҳафтодсола буд.
Моҳтоб аз ошхона барояш шири махсуси кўдаки якмоҳаро дархост кард ва моеъро бо найча ба даҳони кўдак чаконд, ғаризаи қурт доданро ёд надошт, шир аз гўшаҳои лабаш берун омад.
– Ишколе надорад, гурусна монад макиданро ҳам ба ёд меорад.
Моҳтоб корашро тамом карда буд, аммо намехост аз ин мўъҷиза канда шавад, дасту пойи кўдакро масҳ мекард ва пушту паҳлўяшро навозиш.
– Юсуф зиндагиашро мадюни ту аст Санам, ту ўро аз он дунё баргардондӣ!
– Ин тавр нест духтур, ман дар бедории ў нақше надорам, модараш ўро аз марг наҷот дод.
Ба Моҳтоб аз рўъёҳоям гуфтам, аз он садо, ки дар гўшам мегуфт: «Юсуфи маро танҳо нагзор». Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, тўдаи дар гулўяш ҷамъшударо ба сахтӣ фурў бурд, Юсуфро бағал карду аз ҷой бархост. Дар ҳоле ки буғз гулўяшро мефишурд, гуфт:
– Муҳаббати модарро бубин, аз он дунё ҳам дар фикри фарзанд аст.
Муддате дар утоқ қадам зад, сипас Юсуфро дубора ба тахти хобаш баргардонд ва чанд қатра ширро ба даҳонаш чаконд. Кўдак инбор ширро фурў бурд!
– Офарин, ана ҳаминхел! Санам, наздиктар биё, шабона худам барояш ғизо медиҳам, масъулияти рўзҳо бар дўши туст, инро ба духтур Ганҷалӣ мегўям, фақат мутаваҷҷеҳ бош, шир дар гулўяш дарнамонад.

пешина
аз 313
навбатӣ