Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз он риши кўтоҳи омехта бо ранги сафед, мешуд ҳадс зад, ки эҳтимол панҷумин даҳаи умрашро ба сар мебарад. Дар парваришгоҳ зиндагӣ мекард, мисли ман, гўё ҷое барои рафтан надошт. Ҳам фаррош буд, ҳам боғбон ва ҳам нигаҳбон.
Довуд ном дошт, вале касе ба ҷуз Моҳбегим ўро бо ин ном садо намезад. Худаш низ гўё бо ин ном бегона шуда буд, ки гоҳи авқот вақте ўро «Довуд» садо мезаданд, аз ҷой такон намехўрд. Дар ҳузуру ғиёбаш аз ў «акаи нигаҳбон» ном мебурданд.
Гузори замон ингор барояш муҳим набуд, ҳавелиро соатҳо тамиз мекард, бо оромӣ ва бо замзамаи як оҳанги ношинос, ки бо харош аз гулўяш берун меомад, мисле, ки барояш дард эҷод мекард.
Ғурфаи нигаҳбонии ў дар гўшаи дури боғча қарор дошт ва бо сўсўии чароғи шаб кулбаи ҷодугаронро ба ёд меовард.
Аввалин бор ўро ҳафтаи сеюми корам аз наздик дидам, дар саҳни ҳавелии парваришгоҳ, вақте гурўҳе аз кўдакони бузургтарро баъди субҳона ба гардиш мебурдам. Бо ҷорўби аз қомати болояш баландтар дар васати ҳаёт беҳаракат меистод ва ба кўдакон, ки даст ба домани якдигар, мисли ҳалқаҳои як занҷир аз бино берун меомаданд, зул мезад. Дар бар абои кўҳна дошт, бо бораҳои дар камараш фурўкарда ва даври сараш як матоъи сиёҳ, ки ўро ба мардҳои шамшерзани қафқозӣ монанд мекард. Дар пой чакмаҳои нимдошти сарбозӣ дошт ва дастҳои харошхўрдае, ки рагу риштаҳояшро бароҳатӣ мешуд баршумурд.
Ҷорўбашро раҳо карду алорағми коҳилии маъмулӣ сареъ худро ба назди бачаҳо расонд, лабханди мармуз лабонашро аз ҳам ҷудо кард ва раддаи дандонҳои сафедашро урён. Дастони серрагу паяш дар пушту паҳлўи бачаҳо парса мезад, онҳоро навозиш мекард, гунаҳояшонро мебўсид.

пешина
аз 313
навбатӣ