Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ёд надорам дар он хона бо ў чӣ кардам, вақте ба худ омадам, бо пероҳани дарида, сару рўйи пур аз харош моту мабҳут ба кунҷи утоқ хазида буд. Ҳатто сайъ накард ҷурми худро рад кунад, ё аз зери зарбаҳои ман канор биравад, ў маро бо сукуташ девона мекард.
Асабонӣ будам, зеро дар он шароити шакку тардиди додгоҳу додситонӣ бар ман, наметавонистам дафъатан аз шавҳарам талоқ бигирам, маҷбур будам ҳузури гаҳ-гоҳии ўро таҳаммул кунам.
Духтарам Борон авоили зимистон таҳти фишорҳои равонии ман ба дунё омад. Аз зоишгоҳ бо ду парпеч баргаштам, дар яке духтарам мехобид, дар дигаре писари ту, аммо на хонаи худам, дур аз чашми мардум ба деҳа паноҳ бурдам, ба хонаи падариам. Духтарам Найсон дастёрам шуда буд, корҳои мардонаро Ҳомид анҷом медод, албатта на ройгон. Соли тўлоние буд он сол, ҳеҷ тамом намешуд. На шаб хоб доштам на рўз, як пистонам дар даҳони Борон буду пистони дигарам дар даҳони бачаи ту. Ба писарат Шаҳбоз ном додам, ҳеҷ кўдакеро ба андозаи ў боҳушу меҳрубон надида будам ва ҳеҷ кўдакеро ба андозаи ў дўст надоштам, магар туро, ки ҷону ҷигарам будӣ.
Дар тўли як сол ҳамсарамро ду бор дидам, он дидорҳо бо ҷанҷолҳои бепоён, фарёдҳои девонавори ман ва бо кўзаву косашиканӣ ҳамроҳ буд. Саранҷом, боре рафту дигар барнагашт, ман нафаси роҳат кашидам.
Соле баъд аз бародараш шунидам, ки дар яке аз кишварҳои Балтик бо зане издивоҷ кардааст.
Ба худ аҳд кардам, ки Шаҳбозро «аз обу гил» берун меорам, туро ба хона бармегардонам ва бо илтиҷои омурзиши гуноҳҳоям писаратро ба ту тақдим мекунам. Бо ин ҳадаф, ду бор ба паноҳгоҳи занҳо рафтам, бори аввал дарбон роҳам надод, бори дувум он хонуми зардина берун омад, вале посухаш ба дардам нахўрд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо