Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дар ҳавои ин хушбахтӣ ба клосси дуюм ва ба синни нўҳсолагӣ расидам, хату холам, кам-кам мисли ғунчаи садбарг боз мешуд. Оҳиставу ноаён ба он давраи зиндагӣ қадам гузоштам, ки пояи сифатҳои ояндаи як бача гузошта мешавад, фарҳанги рафтор ва аввалин робитаи огоҳонааш бо наздикону ҳамсолон шакл мегирад. Аммо гоҳо як эҳсоси аҷиби ношӣ аз изтироби ношинос ва ғайри қобили тавзеҳ ногаҳон аз ҳеҷкуҷо пайдо мешуд ва вуҷудамро фаро мегирифт. Дар он ҳисси ҳовӣ аз тарсу нороҳатӣ мабное вуҷуд дошт, фақат наметавонистам онро ташхис бидиҳам. Ҳамеша аз сояҳо метарсидам, як далелаш ҳамон кобусҳои нимашабии ду-се соли пеш буд, далели дуюм як ҳисси мармуз, ки гўё сояе мудом ба думболам мегашт, садо надошт, вале бўй дошт, шабеҳи бўйи сўзани дарахти коҷ...
Зиёд тўл накашид, то манбаи он ҳисси ҳовӣ аз тарс билохира ошкор шуд…
Рўзе аз рўзҳо ману Найсон дар хона арўсакбозӣ мекардем. Шавҳари хола аз дур ба мо хира шуда буд, гумонам ҳатто мижа ба ҳам намезад. Ногаҳон омаду чаҳорпоя истод ва моро ба аспсаворӣ даъват кард. Мо хушҳолона ба пушташ паридем. Ў аз замони кўдакиям ҳар гоҳе маро ба пушташ менишонд ва шабеҳи асп гирди хона метохт.
Он рўз низ ба пушташ нишастем, каме лук-лук роҳ рафт ва баъд маҳмез заду моро ба замин афканд. Ману Найсон ҳарду ба замин ғелидему аз ханда нафасгир шудем. Язна ҳам мисли асп дар замин ғел мезаду шиҳа мекашид. Дар авҷи ин бозӣ дасти ў ба шармгоҳам расид ва мўй дар танам рост шуд. Ин як ламси тасодуфӣ набуд, ў амдан дасташро ба шармгоҳам дароз кард. Бо ҳарос худро канор кашидам, ханда аз лабонам нопадид шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё