Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аммо ҳамон тавр ки як оҳў бо он ҳама зираку ва ҳавосси зоҳириву ботинӣ аз чанги паланги дар камин ҷони саломат ба дар намебарад, ман низ саранаҷом ба дом афтодам, дар баҳори понздаҳуми умрам, шабе, ки хола дар бемористон навбатдор буд ва шавҳараш бехабар аз сафар баргашт.
Нимаи шаб вақте духтарҳои холаро хоб бурд ва пилкҳои сангини ман низ ба ҳам омаданд, ногаҳон нафаси доғаш бо ҳамон атри бўйи коҷ ба димоғам зад. Мисли мор бесадо омад. Бо як даст даҳонамро пўшид ва ангушти ишоратии дасти дигарашро ба лаб бурду садои «шшш»
даровард. Чашмонам аз ҳарос бузург шуданд, нафасам ба дарун печид, тамоми нерўямро ҷамъ овардам ва ханҷол ба синааш задам, ончунон ки нохунҳоям аз пўсти танаш пур шуданд. Бо бозўи росташ маро ба тахти хоб пахш кард ва ба болоям хез зад. Аз тарс шах шудам. Ончи баъд иттифоқ афтод дард буду ҳолати нимбехудиву нафастангӣ, мисли як шиканҷаи бепоён. Намедонам чи қадар тўл кашид то аз болои ман баланд шуд, рафтанашро надидам, нигоҳи чашмони бузургшудаам дар сақфи нимаравшани ҳуҷраи хоб ях баст. Ингор хоб будаму ваҳшат медидам. Ногаҳон бўйи сигор ба машомам расид, ин ҳамон дуд ва ҳамон бўйи атри коҷ буд, аз кобусҳои кўдакиям.
Муддате сархўрдаву яхзада будам, вақте ба худ омадам, ки сапеда медамид ва паррандаҳо дар берун «чирик-чирик» мекарданд. Лаккаҳои хуни арғувониро дар рўпуши сафед дидаму ончи шабона аз сарам гузашт, дубора пеши назарам омад, хаёлам осмон ба сарам фурў рафт.
Поёни шикамам аз дард месўхт, ингор дастгоҳи ҳаффорӣ аз дарунам рад шуда буд. Мехостам ба тамоми овоз фарёд бикашам...аз худ ва аз ҳарчи дар ин дунё буд, мутанаффир будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё