Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ин ҳама талоше буд беҳуда, агар Худо инсонро мўҷиби бадбахтӣ карда бошад, чорае надорад, магар он шарбати талхро то ба охир бинўшад!
Азбас қоматам баланд ва шикамам борик буд, бордориам то моҳи панҷ маълум намешуд, вақте дигар пинҳон карданаш имкон надошт, матоеро даври камарам мепечидам, ончунон танг, ки нафасгир мешудам. Корам шуда буд пинҳонкорӣ ва гўшбақимор будан, аз ин ҳол хаставу безор шудам.
Аз ҳама канораҷўӣ мекардам, махсусан аз он мутаҷовиз, ки акнун моҳе як бор ба хона бармегашт, аз бордориам хабар надошт, худро ағлаб аз ман дур мегирифт.
Тарсу ваҳшат ёварони хубе набуданд ва маро то рафт гиҷу раҳгумзада мекарданд, бордорӣ ҳам асроре пинҳоншуданӣ набуд. Он ки дар шикамам меҷулид, ба розу асрори ман коре надошт, рўз то рўз месабзид ва акнун ўро мешуд бо даст ламс кард. Намедонистам ин тифл кай, бо чӣ наҳва ва дар куҷо бояд аз шиками ман берун шавад ва баъд бояд бо ў чи кор кунам? Дигар чорае ҷуз таслим шудан ба сарнавишт надоштам, коре аз дастам намеомад, гиҷу сардаргум будам, бо худ гуфтам: «ҳар чи бодо бод!»
Хола Моҳистон як ҳафта пеш оғози соли хониш аз бордориам огоҳ шуд, дар моҳи ҳафт... тасодуфан.
...Соли охири таҳсилам буд, бароям либоси мактабӣ харид ва аз ман хост, ки онҳоро ба бар кунам, то ба дурустии андозааш мутмаъин шавад. Майле ба пўшидани он либосҳо надоштам, медонистам, ки достони мактабу таҳсил барои ман тамом шудааст. Кадом мактаб, вақте зиндагиам дошт табоҳ мешуд! Аммо ў исрор кард, ночор ба утоқи хоб рафтам ва матоъро аз даври камарам берун овардам. Хола ногаҳон омад, бидуни ангушт задан ба дар, ў солҳои ахир ба ҳарими хусусии ман эҳтиром мегузошт, аммо он рўз бар хилофи одат рафтор кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё