Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо тани урён сари ҷоям ях задам. Агар бигўям, ки хола аз дидани шиками дамидаи ман шокӣ шуд, яъне чизе нагуфтам! Ҳеҷ гоҳ ўро дар чунин ҳолат надида будам. Ранги сураташ мисли гаҷи девор сафед ва чашмонаш ба андозае бузург шуданд, ки хаёлам дар он сурат ба ҷуз ин ду чашм узви дигаре вуҷуд надошт. Бо даҳони боз ангушт ба сўйи шиками ман баланд кард, дасташ мисли барги бед меларзид.
Ёрои сухан гуфтан надошт, бо садои барои гўшҳои ман бегона пурсид:
– Чаро?... Кӣ?
Аз тарс худро ақабнокӣ ба гўшаи девор кашидам.
Хола бо чеҳраи аз ваҳшат дарҳамрафта мисли одами маст калавид ва бо қадамҳои ноустувор ба тарафи ман омад.
Муддате гузашт то тавони сухан гуфтан дубора бар ў баргашт.
Шоки аввалро пушти сар кард ва тадриҷан ба худ омад. Аз ман чашм намебардошт, гўё маро бори аввал медид.
Ниҳоят як нафаси амиқ кашид ва бо садое, ки солҳо боз дар гўшам танин меандохт, пурсид:

  • Ту ҷалаби ноболиғ бо кӣ робита доштӣ???
    Ҳар калимааш чун теғ бар дилам мехалид.
    -Рост мегўянд, ки аз ҷалаб, ҷалаб мерўяд, туро модарат зани бероҳа буд!
    Либосҳоро бо ғазаб ба васати хона парт кардам ва бо ҳамон шиками дамида мисли муҷассамаи хашму ғазаб рў ба рўяш қад кашидам. Гуфтам:
    – Шавҳарат маро таҷовуз кард, дар ҳамин хона, рўйи ҳамин тахт!
    Ибтидо аз эътирофи ман шокӣ шуд, ғайриихтиёр ба аломати инкор сар такон медод, аммо баъд мисли шер ғуррид.
пешина
аз 313
навбатӣ