Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пиразан аз камар ба поён фалаҷ буд ва модарам чашми диданашро надошт, на барои фалаҷ буданаш, шояд ба ин далел, ки солҳо пеш, дар замони наварўсияш бо ў сахтгирӣ карда будаст ва модарам акнун аз модаршўяш интиқом меситонд. Ба косаи ў ҳамон андоза ғизо меандохт, ки аз гуруснагӣ намирад ва ҳафтае як ё ду бор қазои ҳоҷат кунад. Ҳеҷ гоҳ даст ба бистари ў намезад, ба аммаам, ки дар гўшаи дигари шаҳр зиндагӣ мекард, мегуфт:
«Биё ки бўю тафи г..и модарат ҳафт иқлимро пур кард.»
Амма Мунис шавҳар дошт ва наметавонист ҳар рўз ба модараш бирасад, агар ў намеомад, модарбузург чанд рўз дар бистари тару касиф мехобид. Онҳое, ки аз муносибати модарам ба модарбузургам огоҳ буданд, аз сукути падарам тааҷҷуб мекарданд. Падарам аз модарам мерамид.
Аз рўйи ҳамин нақлҳо, гоҳо зану шавҳар болои кат шом мехўрданд ва модарбузург аз тирезаи ҳуҷраи кўчаки мисли лонаи зоғ, ки бо ду се чўбу тахта ва шифери кўҳна барояш сохта буданд, чун гадое ба табақи ғизои писару арўсаш нигоҳ мекард ва оби шўр аз чашмонаш сарозер мешуд. Хола Қалам солҳо баъд, ҳар бор ҳарфи марги падарам ба миён меомад, мегуфт: «Ин хонаводаро дуои пиразан гирифт. Бечора дар ҳасрати як саломи писараш аз дунё гузашт. Ҳар субҳ гарданашро бо ҳаяҷон аз паси панҷараи кўчак баланд мекард ва дар орзуе буд, ки писараш пеш аз рафтан ба кор ба ў як бор салом бигўяд, ё барояш лабханд бизанад, аммо ў аз тарси ҳамсараш бо суръат аз бағали панҷара рад мешуд».
Модарбузургам бо азоб мурд, як ҳафта дар сакарот буд. Дар он як ҳафта бори аввал ўро аз он «хонаи зоғ»
берун оварданд ва дар меҳмонхонаи ороста ҷой доданд. Ў мурд, аммо падарамро низ ба думболаш бурд...

пешина
аз 313
навбатӣ