Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Модарам аз пайи зиндагии худ рафт ва мо ду бача дар ба дар шудем.
Як оилаи комил дуд шуду ба ҳаво рафт...
Парастор билохира бухории барқӣ овард ва ҳавои хона нармтар шуд. Ҳамон тавр ки гуфтам, ў ҳар саҳар аз хона мерафту қабл аз шом бермегашт, бо худ ғизо меовард, ғизоҳои хушмаззаи мухталиф, шабеҳи ғизоҳое, ки хола Моҳистон ағлаб аз бемористон меовард. Хола мегуфт, занҳо бархе аз хушҳолӣ, бархе аз дардҳои баъди зоймон иштиҳо надоранд ва анвои хўрокҳои беҳтаринро, ки хешу табор аз саҳар то бегоҳ мисли корвони мўрҳо ба зоишгоҳ мекашонданд, ба пизишку парастору тамизкорҳо медиҳанд, то аз онҳо беҳтар муроқибат кунанд.
Хола Моҳистон ба унвони табиби беҳтарин, ки ҳар зани обистан мехост рўйи дастони ў бача ба дунё биёварад, гулчини хўрданиҳоро ба хона меовард, бинобар ин, бўйи рўғани доғ ба нудрат аз ошхонаи мо берун мешуд. Парастор дар як финҷон ба ман обгўшти мурғ дод ва боқии ғизо, гўшту чанд дона манту ва ним коса ошро худаш ба танҳоӣ хўрд. Ҳайрон будам, ки ин ҳама чигуна дар он шиками борику нонамоёни ў ҷой шуд.
Дарди ҷонкоҳи ман пас аз як ҳафта фурў нишаст ва ман акнун бо кўмаки дасту оринҷам аз ҷой баланд мешудам ва мустақилона то сатили қазои ҳоҷат мерафтам.
Дигар ба мусакини қавӣ ниёз набуд. Бори аввал оромором дар такяи девор аз он ҳуҷра берун шудам.
Хонаи кўчаку фарсудае будаст, бо айвони начандон бузург, ки рангашро ҳатто намешуд ҳадс зад. Рег аз деворҳои мағорабастааш сарозер мешуд ва корвони мўрҳо дар он тўдаҳо равуо мекарданд. Соҳибхона ё фарди шикастанафс буд, ё барои бунёди як манзили мустаҳкам пул надоштаст. Аз зери гаҷи рехта хиште ба назар намерасид, як хонаи похсадевор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё