ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Дугона аз мо наранҷ насибу қисмат ҳамин будаст, - гуфт.
Духтар аз ғам тапиду пар-пар зад, аммо касеро парвои дарди ӯ набуд. Духтари моҳпакар, ки қоматаш сарви равонро мемонд, ба тақдир тан доду зани калтаи Сафар шуд.
Боғдор як замини калон ва тамоми дору надорашро ба писари ягонааш мерос гузошт. Рӯзи мурданаш писару келинашро ба сари болинаш хонд, ба писараш нигоҳ накард, аз домани келинаш гирифт. - Ин бачаи бадфеълро одам кун, ман натавонистам, шояд ту тавонӣ, боғамро ба писарам ва писарамро ба ту супурдам,
- гуфту бегоҳи ҳамон рӯз ҷон дод.
Марди уқдаӣ на ҳаваси боғ дошт на аз роғ, мехост фармонфармой бошад. Боғро ба ду се коргар супурду худаш баъди хатми донишгоҳи зироатшиносӣ мироби калони колхоз шуд. Боғ шаҳомати пешинашро гум кард, аммо ҳоло ҳам хонаводааш аз маҳсули заҳматҳои боғдори пир рӯз мегузаронад. Харидорони умдафурӯш гелосу себу анору хурмояшро аз сари шох мебаранд. Оғили мард пури гову мол асту дастархонаш пури гӯшту ширу равған. Аммо чизе, ки авқоти ӯро талх мекунад, надоштани як писар аст.
Ҳамсараш барои ӯ панҷ духтар таваллуд кард, вале як писар ҳам ба бор наовард. Мардҳои маҳалла дар маъракаҳо ба якдигар чашмак зада, беписариашро ба рӯяш мекашанд ва мегӯянд: - Аакаи Сафар заргари хуб аст, занаш фақат духтар мезояд.
Мард аз қаҳр сурху сафед мешавад, аммо гӯш ба карӣ мезанад ва шӯхиҳои нешдори мардумро ношунида мегирад.
Солҳои аввал занашро гӯё дӯст медошт, бо ӯ шӯхӣ мекард, механдид. Аммо вақте пушти сари ҳам панҷ духтар таваллуд кард, дилаш аз ӯ монд. Шабҳое, ки ҳавои шаҳват бар ӯ ғолиб мешавад, занашро бе бӯсу канор “зин мезанад” ва хумори худро мисли харгӯш дар ду сония мешиканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё