Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Даравгарҳо заминро чунон “лесида” буданд, ки дар он ба ҷуз чойлобҳои бесоҳиб чизе дигаре наменамуд. Танҳо боди сӯзон буд, ки ҷавлон мезад ва аз хору хас туб месохту аз ин гӯшаи дашт ба гӯшаи дигар ғел медод.
Баъзан аз дур хонаҳои пастаки лойи ба назар мерасид, ки агар торбанду либосҳои овезон набошад, хаёл мекардӣ, ки оғили гов аст. Дашти хушкидаи дилгире буд, доманаш ба ким куҷоҳо мерасид, одами ғамдорро бештар афсурда мекард. Қад-қадди роҳи ин кавири тафсон мусофирони дермонда бо ишораи даст мошин манъ мекарданд ва дар орзуи ронандаи савобҷӯ буданд. Мошинҳои холӣ башаст аз канори одамон рад мешуданд, вале касе дар пайи савоб набуд, касе дар ин дашти тафсон манъ шудан намехост, магар ин ки қазои ҳоҷат маҷбур кунад.
Як соат гузашт ё шояд ду соат, мошин ниҳоят он дашти сӯзонро пушти сар карду ба чорроҳаи серодаме расид, ки мисли бозори худгардон ҳазору як майда-чӯйда дошт. Яке себу анҷиру сабзавот мефурӯхт, дигаре либосу палос ва дару тиреза. Харидорон нарх мепурсиданду молро арзон мекарданд. Майдон пури кӯдак буд, онҳо низ моле доштанд ва дар ҳар мошини манъшуда барои худ бозору муштарӣ мекофтанд. Ҳамели пиставу мағз дар даст ба тарафи мошинҳои тозарасида медавиданду зорӣ мекарданд, ки мусофирон ақалан як ҳамел бихаранд, то савдояшон боз шавад. Ҳавои бозор бӯи пирошкӣ медод. Даҳони Фаришта об кушод, ӯ на шаб ва на саҳар ғизои дуруст нахӯрд. Домод мошинро дар як гӯшаи майдон нигаҳ дошт ва бе онки ба рӯи Фаришта нигоҳ кунад ба сӯи ғурфаи нимшикаста, ки дар як тарафаш ҳарфи “М” ва дар тарафи дигараш “Ж “ навишта буданд ишора кард.

  • Дастшӯӣ он ҷост, агар хоҳед... Фаришта бо кароҳат рӯ турш кард.
    Домод аз зинаи баланди мошин берун ҷаҳиду камарашро рост кард, пероҳани арақолуд дар пушташ часпида буд.
пешина
аз 473
навбатӣ