ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳайкали ӯ ғаши духтарро меовард, аз ин хаёл, ки бо ин одам дар як болин сар мегузорад, дилаш сиёҳ шуд. Домод сигор рӯшан кард ва дудкунон ба сӯи растаи ордфурӯшҳо қадам бардошт, ки бозори гарм надошт ва савдогаронаш аз бекорӣ дар гӯшае туп зада мегуфтанду механдиданд. Ӯ аз он раста орду рӯған хариду ба аробае бор кард ва баъд дар байни тӯдаи харидорон нопадид шуд. “Эй кош ман ҷуръат медоштаму бо истифода аз ин фурсат мегурехтам, дар як гӯшаи ин диёр гум мешудам ё бо мошини раҳгузар худро то хонаи холаам мерасондам. Аммо мани тарсу куҷову фирор куҷо! Як умр беҷуръат будам, маро ҳатто сел бубарад ҳам даст ба шохае намезанам, ки худро халос кунам, сазои сарам, ки корам ба ин ҷо кашидааст!” Фаришта кафшҳояшро кашиду пойҳои хоббурдаашро ба сандалӣ ёзонд ва ба дари мошин такя зад. Чашмонаш беихтиёр пӯшида шуданд, ӯро ғанаб бурд. Хонаи падариашро хоб дид. Хоб дид, ки сарсону саргардон бо либосҳои ҷанда ба хонаи падараш баргаштаст, хоҳаронаш ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигоҳ мекарданд, “апа ту ин ҳама вақт куҷо будӣ, мо аз ғами ту мариз шудем”- мегуфтанд. Ӯ лол буд, ҷавоб намедод. “Апа, апа, апа?-хоҳари бузургаш китфҳои ӯро такон медод.
-Апа, багажро кушоед ман борро монам? Апа? Фаришта бо тарс бедор шуд. Писараки 13-14 сола, ки чашмони обиву мӯи мисли хӯшаи гандум зард дошт, бо ишора ба аробаи пурбор тирезаи мошинро мекуфт.
- Падартон гуфт, ки борҳоро дар мошин монам,- гуфт ӯ бо табассуми хиҷолатомез. Фаришта тирезаро боз кард.
-Ман намедонам багаж чӣ тавр боз мешавад, биё худат бозаш кун, агар тавонӣ, - гуфт. - Калиди мошинро бинед, сурати багаж аст, ҳамонро зер кунед.
Фаришта нимхобу нимбедор дари пуштиро боз кард.
Писарак маҳсулотро чолокона ба мошин гузошт, маълум буд, ки корашро балад аст. Мехост халтаи ордро бардорад, аммо Фаришта бо ишора маънаш кард ва аз мошин берун шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё