ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Мехоҳӣ ин халтаи 60-килогиро танҳо бардорӣ?
- Ҳо апаҷон, ман аз ин ҳам вазнинашро мебардорам.
- Ин хел намешавад. Фаришта аз мошин берун шуду аз як гӯшаи халта бардошт.
Аробакаш саросемавор ба атроф нигарист, шояд намехост, ки соҳиби мошин халтабардории духтарро бубинад ва дастмузди ӯро кам кунад. - Апаҷон яке падартон ҷанг накунад, халта вазнин аст.
- Ӯ падарам нест, шавҳарам аст...
Гунаҳои писараки аробакаш аз хиҷолат сурх шуданд ва ин сурхӣ чашмони обии ӯро рӯшантар ва мӯйҳои гандумрангашро зардтар кард. Дунафарӣ халта ва бушкаи рӯғанро дар пушти мошин ҷо карданд. Шиками мошин мисли дами аждаҳо бузург буд, ҳатто то нимаш пур нашуд. - Раҳмат апа, -гуфт писарак ва аробаи сабукшудаашро чолокона тоб дода, аз назди мошин дур шуд. Раҳ ба раҳ чанд дафъа ба ақиб нигоҳ кард, шояд дар зеҳнаш чандсола будани духтарро ҳисоб мекард.
Фаришта ба мошин барнагашт, дилаш ҳавои тоза мехост.
Офтоби тобистон як қад баланд шуда, чашмони хастаи ӯро нимроғ мекард. Дасташро соябон карду ба атроф нигарист, чашмаш ба шавҳараш афтод, ки ду се қадам дуртар бо марде, ки камони шикорӣ мефурӯхт қимати камонро савдо мекард.
Ангор аз камон хушаш омада буд. Вазнашро чен кард, чашмонашро ба навбат пӯшиду миллаҳояшро санҷид, камонро ба ҳаво бардошту кулангро зер кард.
Фариштаро ваҳм гирифт. “Хонаи ин ҳаюло дар кадом кунҷи гӯр бошад, ки он ҷо на орд ҳасту на рӯған ва боз тиру камон ҳам даркор будаст!?”
-Ака, камони зурай, пул даркор аст, набошад намефурӯхтам, бигиред, пушаймон намешавед, агар нафорид, баргардонед, маро охири ҳафта дар ҳамин бозор меёбед. Марди камонфурӯш, ки ба ҷуз ҳамин камон дигар моли фурӯшӣ надошт, харидорро шерак мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё