МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ин рубоӣ дар китоби «Умари Хайём. Рубоиёт» (Нашриёти давлатии Тоҷикистон, Сталинобод, 1955 ва 1963) чунин нашр шуда:
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб;
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб.
Озод зи хоку бод в-аз оташу об.
Аввалан, дар хусуси тартиби мисраъҳо. Мулоҳиза мекунем: шоир мегўяд, ки онҳо – шоир, май ва маъшуқ дар кунҷи харобе баҳам омадаанд. Баъди ин баёни чӣ бамавқеътар аст
– «ҳолати зоҳир» ё «вазъи ботин», яъне, фикру хаёли онҳо?
Мантиқан, баёни «ҳолати зоҳир», яъне, «ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб». Сипас шоир «вазъи ботин», яъне фикру хаёли онлаҳзаинаашонро баён месозад:
Фориғ зи умеди рафтану биму азоб,
(Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб)
Озод зи хоку боду аз оташу об.
Кадоме аз ду шакли мисраи сеюм дуруст бошад? Ҷузъҷузъ таҳлил мекунем: «Умеди рафтан»; оё ин ибора мазмунан ва мантиқан дуруст аст? Не, чунки ба «рафтан» умед лозим нест, «рафтан» ногузир аст. Пас ба чӣ метавон умед баст? Танҳо ба як чиз – ба «раҳмат». Қаҳрамони лирикии рубоӣ боз аз «биму азоб» фориғ аст. Ин таркиб ҳам гўё шаклану мантиқан нақсе надорад. Вале бенақс ҳам нест.
Чаро? Ҷавоби ин суол суол аст: охират чӣ дорад? Биҳишту дўзах, яъне, раҳмату азоб. Пас ҳини рафтан аҳли шариат дар чӣ фикр аст? Ё ба раҳмат умед дорад ё аз азоб бим.
Яъне, бояд чунин бошад: умеди раҳмат ва бими азоб.
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё