МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.
Ҳар як рубоии Умари Хайём кони фикру эҳсос, тарабу андуҳ, гиряву ханда аст. Вале образҳои асосие ҳастанд, ки ҳамаи онҳоро ба ҳам мепайванданд, алоқаманд месозанд, такмил медиҳанд. Кўза, май, маъшуқ, пиёла, сабў аз он ҷумлаанд. Ҳар яке аз ин образҳо ҷовидона барпову барҷо мебошанд ва бояд чунин бимонад.
Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест.
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту
Гардеву насимеву шарореву дамест.
Гўё ҳама барҷост. Вале барои чӣ ду бор калимаи «дам»
чун қофия омадааст? Шояд он ба маъноҳои гуногун истифода шудааст, охир, чӣ қадар маъно дорад ин калима – бод, нафас, лаҳза, садо, фиребу найранг… Не, ин ҷо сухан аз чаҳор унсур меравад, ки асли ҷаҳон аз онҳо таркиб ёфта: хок, бод, оташ, об. Аз рубоӣ меҷўем онҳоро: хок – гард, бод – насим, оташ – шарор ва… Ку об? Шояд «дам» маънои обро ҳам дошта бошад? Мутаассифона, не. Ба ин маъно он танҳо дар таркиби «дам кашидан» (нўшидан) дучор мешаваду халос. Пас шубҳае нест, ки «дам»-и дуюм «нам» аст. Дар ин ҳол на чор унсур халалдор мешаваду на қофия вайрон.
Рубоии дигар:
Бар чеҳраи гул насими наврўз хуш аст,
Дар саҳни чаман рўйи дилафрўз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гўйӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магў, ки имрўз хуш аст.
Бояд гуфт, ки бар чеҳраи гул насими наврўз дидан шояд имконнопазир набошад, вале ифодаи ин маънӣ дар ки-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё