МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
То ба ёди хатту зулфат дар чаман чашмам гирист,
Бар лаби ҷў ғайри сабзаву сунбул нарафт.
Вазни мисраи дуюм халалдор аст. Чи бояд кард, ки (агар дар ҳамаи нусхаҳои девони шоир ин ғалат рафта бошад) асли байтро дарёбем? Ба фикри мо, ҷузъҳои асосии мисраи аввалро ҷудо карда, таносуби онҳоро дар мисраи сонӣ ҷустан лозим аст. Хат, зулф, гиря – ин ҷузъҳои асосии мисраи якум. Ҷузъҳои мутаносибашонро аз мисраи дуюм меҷўем: хат-сабза, зулф-сунбул, гиря-… Мутаносиби ҷузъи сеюм дар мисраи сонӣ калимае нест. Калимаи «об»-ро, ки дархурди вазн, мантиқ ва таносуби байт аст, тахминан ба ҷойи он овардан ғалат набудагист:
Бар лаби ҷў ғайри обу сабзаву сунбул нарафт.
Байте ин гуна рўбардор шуда:
Кас ба рабти мо зи хешу қавми мо тан дар надод,
Баски бадномем ҷуз зар кас ба мо духтар надод.
Калимаи «зар» бисёр нобарҷост. Манзури шоир «раз»
аст, ки дар таркибҳои бисёре мавриди истифодаи классикони мо будааст. Дар айни ҳол таркиби «духтари раз» бисёр тозаву моҳирона корбаст шудааст ва лутфу ширинии сухан бар он асос меёбад.
Чунон ки ишора шуд, чунин ғалатҳо дар китоб хеле зиёданд. Шояд саҳифае бехато набошад. Ва ҳамаи онҳоро ба тарзи фавқ таҳлил кардан аз имкони мақола берун аст. Бино бар ин, барои мухтасар шудани сухан, ғалатҳои мунтахаб ва шакли аз назари мо дурусташонро манзур мекунем.
Омада:
Нисбати мастии бадмастон ба ҳушёрон кунанд,
Ҷурм бар комил ниҳанд, аз ноқисе тақсир кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё