МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Бигирем ин мисраъҳои ғазали машҳурро:
То бинадаш, афтад дил дар доми сари зулфат, Холи бути ман дар сайд як донаи машҳурест.
Бо сўзишу бо куштор дурӣ накунад аз ёр, Чун шамъи рухаш дил ҳам, парвонаи машҳурест…
Ин ғазал дар васфи маҳбубаи ғоиб аст, аз ин рў, дар мисраи аввал калимаи «зулфат» бояд «зулфаш» зикр бишавад.
Мисраи чорум «Чун шамъ рухаш, дил ҳам парвонаи машҳурест» сабт бигардад, мақбултар менамояд. Албатта, дар шакли маншур ҳам ба ҳусну маънии он метавон расид, вале дар ин шакл «ҳам» шабоҳати «шамъи рух» ва «парвона»-ро таъкид мекунад, ки қобили қабул нест. Яъне – «дил ҳам чун шамъи рухаш парвона аст». Ҳол он ки манзур дигар аст – рухи ёр шамъ асту дили шоир парвона. Ибораи «як дона» ҳам ҳадафи васеътаре дорад – ҳам «як дона», ки ба холи ёр мушобеҳ аст ва ҳам «якдона», ки беназирии онро таъкид мекунад.
Дар байти зерини ғазали «Гуноҳам чист, эй ҷонона…»
(2; 149) номувофиқатии хабари чида ба назар мерасад:
Ба нозе мекушию бо нигоҳе зиндаам созӣ,
Кунӣ инро ту бо бегона? – Мегўям. – На… мегўяд.
Ба фикри мо, ин иштибоҳ, чун аксари ғалатҳо, ҳангоми ба хати кирилӣ баргардондан рух додааст. Ду шакли дурусти мисраъро метавон тахмин кард:
Ба нозе мекушию бо нигоҳе зинда месозӣ…
Ва:
Ба нозеям кушию бо нигоҳе зиндаам созӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё