МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
мавқеи иҷтимоии образи манзума (ба маънии садорату вазоратнишин), балки таъкиди хислати ўст (аз калимаи «дев»). «Марди деҳқонӣ» ҳам ибораест берун аз қолаби забони мо.
Дар шеъри «Нома» (1, 271) ин байтро мехонем:
Шояд, ки вазад, насими кўят,
Дил зинда кунад маро зи бўят.
«Дил зи бўйи ту маро зинда кунад» гуфтан на чандон мантиқист. Манзур ибораи «дил зинда» аст, ки бояд «дилзинда» навишта шавад.
Дар байтҳои зер суннати азалии шеър – вазн имкон медиҳад, ки аслашонро дарёбем. Аз ғазали «Боз ҳам ёр ба рақс омадааст» (1; 286):
Иди пахтааст ба ҷумҳурии мо,
Читу газвор ба рақс омадааст.
Аз шеъри «Ба Тоҷикистон» (1; 336):
Гуфт ин шуъла: Ҳей, ба по бархез!
Дар раҳи зиндагӣ зи ҷо бархез!
Аз манзумаи «Мўру офтоб»:
Орзўяш пар шуда бар вай дамид,
Бин, ки хазанда сўйи боло парид.
Шакли дар ин маврид мақбули калимаҳои мазкур «пахта-ст», «ҳай», «орзуяш», «сўйи» аст. Шубҳае нест, ки аксари, баробари хондани мисраъҳои боло, инро пай мебаранд ва, ба ин эродҳои ҷузъӣ ҳоҷат ҳам набуд, агар ин шакли номақбул аз нашр ба нашр бетағйир намекўчид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё