МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
тобҳои «Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ» (Теҳрон, 1342), «Умари Хайём. Рубоиёт» (дар зери таҳрири Е. Бертелс, Москва, 1959) ва нашри соли 1955 саҳеҳтару дилрастар менамояд: «Бар чеҳраи гул шабнами наврўз хуш аст». Сониян, калимаи «дай» дар рубоии мазкур чун тарошаест аз бом, ки ягон таносубе надорад. (Мутаассифона, дар нашри соли 1955 ҳар ду «дӣ» ҳам ба шакли «дай» омадаанд.) Лекин мисраи дуюм мутаносиб аст: «Хуш бошу зи дӣ магў, ки имрўз хуш аст». Дӣ, хуш ё нохуш, гузашт, ту аз имрўз бигў. Яъне, мисраи сеюм мутаносибан бояд чунин бошад: «Аз дӣ, ки гузашт, ҳар чӣ гўӣ, хуш нест».
Ҳангоми ба чоп тайёр кардани осори классикон ҷиҳатҳои зиёде ба назар гирифта мешаванд. Дар ин ҳисоб мавриди эътибор будани таносуби сухан низ хеле муҳим аст. Ба ин восита метавон бисёр носаҳеҳиҳоро бартараф намуд. Дар «Рубоиёт»-и мавриди назари мо ҳам хатоҳое кам нестанд, ки сабабашон ба таносуби сухан эътибор надодан аст:
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Боз ҳамон шубҳа: чаро як калима ду бор қофия шудааст? Дуруст аст, ки дар ин ҷо он маъноҳои гуногун дорад, лекин таносубро низ набояд фаромўш кард. Пас таносуб бояд ҷуст. «Шодӣ маталаб» - мегўяд шоир. Яъне, шодӣ маталаб, ки ҳосили умр, албатта, ғам аст! Ин ғалат дар нашри соли 1955 низ ҷой дорад. Дар он мисраи дуюм фарқ мекунад: «Ҳар зарра зи хок Кайқубодеву Ҷамест». Кадоме аз ин ду шакл дурусттар аст? Ҳар ду. Ҳам шаклан ва ҳам мазмунан. Акнун меъёри дигар – кадоме аз ҷиҳати санъату фалсафа баландтар аст? 1. Ҳар зарра аз хоки Кайқубоду Ҷамҳост. 2. Ҳар зарраи хок як Кайқубод ё як Ҷам аст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё