МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ногаҳон пире аз халқи бумӣ
Мисли чараққа ҷаст аз он миён.
Чун ҳаждаҳат бишуд пур,
Кардам ба ту тафохур,
Аз ҳосилоти колхоз
Додам туро трактор.
Большевикона, бидуни тахфиф,
Хоҷагиро ҳама кун коллектив.
Дар колхози мо ту ҳури социализмӣ,
Дар мактаби мо ту нури социализмӣ.
Зебоию зарбдорию пуркорӣ,
Эй дилбари ман, ту зўри социализмӣ.
Ба фикри мо, бригадро бригод, заводро зовуд, санаторияро саноторӣ, социалистиро сусиёлистӣ, Наполеонро Нопелун, тракторро трактур, агрономиро агронумӣ, коллективро коллектиф ё Японро Жопун навиштан зараре надорад. Баракс, калимаҳои мазкур дар ин шакл ба табиати забони мо созгор ва дар таркиби каломи тоҷикӣ табиитар ҳазм мешаванд. Беш аз ин, агар калимаҳоро тавре бинависем, ки устод Лоҳутӣ менавишту талаффуз мекард, рўҳи замон ва қудрати забону соҳиби он беҳтар эҳсос мешавад ва, аксаран, ба риояи вазну қофия низ мусоидат мекунад.
Ва ниҳоят – як суннати матншиносӣ ҳам бояд ҳамин бошад!
Шояд дар ин тақриз нуктаҳои ғалат ва ё баҳснок кам набошанд, вале мақсади мо танҳо ба ин масъалаҳо ҷалб намудани лоҳутишиносон буд. Ҳақиқати ҳолро онон равшан хоҳанд кард.
1987

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё