МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ГАР ШЕЪРИ ХУШАТ БОЯД…
Тавассути заҳмати зумраи олимону ноширон доираи осори матбўи классикони адабиёти оламшумули тоҷику форс торафт васеътар мешавад ва номҳои нав ба наву асарҳои тоза ба тозае чун ҳалқаҳои тиллоӣ ба ин доира мепайванданд. Дар ин шумор адибоне ҳам ҳастанд, ки назари табъу нашр борҳо ба рўяшон афтода ва адибоне низ, ки олимони адабиёту ходимони нашриёт бо сабабҳое ва ё бе ягон сабаб то ҳол дидаи меҳр ба рўяшон накшода.
Абдураҳмони Ҷомӣ аз зумраи аввалин аст ва шояд рўзгору осори каме аз адибони классик ба дараҷаи ў мавриди таҳлилу тадқиқ қарор ёфтаву шахсияту эҷоди каме аз онон мисоли ў ба доираи васеи хонандагон чунин хуб ошно бошад. Дар ин кор хидмати доктори илмҳои филология Аълохон Афсаҳзод назаррас аст.
Ва, инак, ду ҷилди аввали «Осор»-и ҳаштҷилдаи Мавлоно низ ҳамбаҳои заҳмати ин олими пуркор манзури хонанда гардид. Такрори нашри такмилёфтаи осори шоир баъди беш аз ду даҳсола сурат гирифта, танҳо боиси шодмонӣ хоҳад буд ва орзуи он мемонад, ки адибони номанзури классикро ҳам аз нигоҳи табъу нашр қисмати Абдурраҳмони Ҷомӣ интизор бошад ва осори маншури классикони манзур низ ақаллан бо чунин фосила пайваста ба дасти чоп бирасад.
Ҷилдҳои якуму дуюми «Осор» девони аввали Абдураҳмони Ҷомӣ «Фотиҳат-уш-шубоб»-ро, ки аз қасоиду ғазалиёт, маснавию рубоиёт, тарҷеъбанду таркиббандҳо, мураббаоту муқаттаот иборат аст, фаро гирифтаанд.
Қайдҳое, ки дар ҳошияи ин ҷилдҳо афтод, кўшише ҷониби маслиҳату машварати дастҷамъист баҳри беғалат манзури хонанда шудани матнҳои классикӣ. Шояд ҷойи он ҳам дорад, ки баъзеи ин пешниҳодот мавриди қабул набошад ва манзури мо низ диққати мутахассисону хонандагонро сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё