Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ҳар касе ҳам, ки қобили эҳсоси вазну оҳанг аст, баробари мутолиаи байт харобии ин рукни шеърро мефаҳмад. Бигзор, дар матн калимаи «пираҳан» бо «вов»
анҷомида бошад, вале, батакрор мегўем, ки он вазифаи аломати вергулро ҳам бар дўш дорад ва танҳо чунин радду бадал асли матнро барқарор мекунад.
Ё боз:

Олӣ шавад лаиму лекин на чун карим,
Боло паранд мурғон, аммо на то Паран.
(1,55)

Дар ин маврид ҳам вазифаи «вов» нодуруст муқаррар шудааст. Он бояд пайвастаи пайвандаки тобеъкунанда биёяд, ки тавассуташ мисраи аввал як ҷумлаи мураккаби тобеъ хоҳад шуд. Ба ин сурат: «Олӣ шавад лаим, валекин на чун карим».
Дар ду мисоли поён акси як ҳолатро мушоҳида мекунем. Дар байти аввал «вов» на пайвандаки «-у», балки аломати вергулро ифода мекунад, дар мисраи охирини банди сонӣ бошад, ба ҷойи аломати вергул овардани пайвандаки «-у» («ва») зарур буд:

Дар ҳар чи задам даст, зи ғам фарсудам,
Даст аз ҳама боздоштаму осудам.
(2,558)

Таърихи ҷаҳон, ки қиссаи хурду калон Дарҷ аст дар он(,) чи шаҳриёрон(,) чи ялон, Дар ҳар варақаш бихон, кифӣ оми қазо, Қад мота фулонун,(ва) фулонун ва фулон.
(2,562)

Воқеан, ба тақозои қофияи солим, ки яке аз шартҳои хушсавтию ҷолибии шеър аст, вожаи «фулон»-ро ба шакли дигари маъмулаш – «фалон» овардан мақбултар менамояд.

пешина
аз 323
навбатӣ