МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
сибати саросарии мардуми мо ба ин ганҷина набуд. Аксаран Рўдакиву Робиа ва Камолу дигарон дархурди ҳоли хонанда пазируфта шудаанд ва агар идеологияи ҳукмрон эшонро ба хидмати худ кашидааст, шарофати ҷанбаи ҷовидонаи осорашон аст, ки дар ҳар замону макон мувофиқи ҳама гуна сохти бешу кам мутамаддин ва мардумони покоин ҳасту хоҳад монд.
Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки солиёни беш ашъоргунаи бемуҳтавои урёне, ки ҳадафу вазифаҳои сохтро баёну дифоъ мекард, аз ҷониби дастандаркорони замон тарғибу пуштибониву тақдир мешуд. Ва воқеан ин кор то ҳол дар хаёлу тафаккурҳо идома дорад, ба дараҷае ки воқеан «ҳатто як нақди ҷиддӣ ва бепарво (?) бар осори Турсунзода, Миршакар… ки ҷудо аз тавоноиҳои адабиашон костиҳое низ доранд, дар ҳукми як гуноҳи кабира маҳсуб мешавад!».
Ҷойи аз ин ба шўр омадан бояд бар иллату сабабҳояш биандешем. Аввалан, шоирони мазкурро (чунон ки оғои Қазва ҳам қоил аст) «тавоноиҳои адабиашон» чандон қарину маҳбуби чанд насли ин диёр карда, ки «костиҳо»- яшонро дидан ҳам намехоҳанд. Сониян, эшон аз шахсиятҳои барҷастае буданд, ки солҳои тўлонӣ тоҷикону Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд ва овозу овозаи ин диёри кўчаку миёни қавмҳои ҷавонтари куҳнадаъво танҳоро ба гўши оламиён расондаанд.
Бахусус, хидмати Турсунзода, ки бо гармии ашъор ва бештар бо гармии дидор симои халқи мо будааст, эҳтироми шоистаашро миёни аҳли ин сарзамин реша дар об медорад. Ва билохира, агар адабиёт силсилаест, шеъри баъдии мо, ки бештар ноб ва эътироф шуда, пайванди он насл, бахусус Турсунзода аст, ки ҳамеша дастгиру пуштибонаш будааст ва, то ин шеър озоду озода бошад, шоиронашро гоҳе аз маҳбасҳои асливу маҷозӣ ҳам раҳо кардааст ва бо ҷамоати хеш, ба маҳдудаҳои сиёсиву замониву забонӣ муқовимат намуда, «чароғи адабиёту шеъри порсиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё