Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Майлу рағбати муаллифони ин моделҳо оид ба таъмин намудани фаъолияти минбаъдаи хоҷагии халқ хамчун як низоми ягона шоистаи таҳсин мебошад, чунки ин дар иқтисодиёти серсохтор вазифаи хеле душвор аст. Дар ҳоле, ки дар он вақт маълумоти аввалии оморӣ кофӣ набуданд, бо вуҷуди ин, таҳиякунандагони барнома кӯшиш мекарданд, ки бо нишондиҳандаҳои муҳимтарини арзишии макроиқтисод, аз қабили: маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, даромади миллӣ, ҳаҷми сармоягузорӣ ва ғайра кор кунанд. Барномаҳои рушди иқтисодии дар кишварҳои гуногун коркардшуда дар марҳилаҳои аввал умумӣ буданд, аммо ин ба суръатнокии онҳо халал нарасонд.
Дар солҳои минбаъда дар байни иқтисодчиён ду мавқеи аз ҷиҳати ақидаашон гуногун муайян карда шуд.
Тарафдорони ақидаи якум аз зарурати озод кардани иқтисодиёт ва такя ба қувваҳои бозор ва тарафдорони ақидаи дуюм — аз нигоҳдории банақшагирӣ ва танзими давлатӣ, ки ба назари онҳо барои таъмини шароити мусоиди истеҳсолот ва истеъмол зарур буд, ҳимоя мекарданд.
Ба ғайр аз ин самтҳо ба масъалаҳои ташаккул ва тараққиёти хоҷагии халқ якчанд роҳҳои гуногун мавҷуд буданд. Дар солҳои 80-ум дар баробари тарафдорони мактабҳои кейнсгароӣ ва неокейнсгароӣ, назарияҳои дирижизм, интервенсионизм, монетаризм ва ғайра, масалан, як ҷараёни ба ном аксулинқилобчиҳо пайдо шуд, ки ба мақсад мувофиқ будани ҳама гуна дахолати давлатиро дар иқтисодиёт ва мавҷудияти сектори давлатиро зери шубҳа мегузоштанд. Ба фикри онҳо, дар назди давлат ва мақомоти бюрократии он вазифаҳои барои онҳо иҷронашаванда гузошта шудаанд. Онҳо боварӣ доштанд, ки ҳангоми ин ба хатогии ҷиддӣ, яъне беэътиноӣ дар тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, махсусан, коркунони роҳбарикунанда ва мутахассисон роҳ дода шудааст.

пешина
аз 142
навбатӣ