Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар Сингапур ва Малайзия равандҳои азнавсозӣ назар ба Таиланд ва Индонезия зудтар ва муваффақтар буданд. Дар натиҷа дар байни мамлакатҳои ҷуфтҳои якум ва дуюм фарқи дараҷаи техникии истеҳсолот, миқёси ҷорӣ намудани комёбиҳои пешрафти илму техника, инчунин дараҷаи азнавсозии иқтисодӣ васеъ гардид. Ин тафовут беш аз пеш равшантар мешуд, зеро дар самаранокии татбиқи барномаю нақшаҳо дар ин давлатҳо фарқият ба назар мерасид.
Маълум аст, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ аз тақсимоти даромади миллӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ин мақсадҳо вобаста аст. Пеш аз ҳама, амалиёти механизмҳои аз нав тақсим кардани маҳсулоти ҷамъиятиро таҳлил кардан лозим аст. Дар онҳо унсурҳои нави иқтисодиёти бозори ҷамъиятӣ: нархҳои имтиёзнок, кӯмакпулии категорияҳои алоҳидаи аҳолӣ, тақсимоти маблағҳо дар байни марказ ва минтақаҳоро дар бар мегиранд. Ҳангоми тағйир додани шаклҳои моликият таҷрибаи истифодабарии ҳукуматҳои давлатҳои баррасишаванда аз имкониятҳои сектори ҷамъиятӣ ва нақши он дар механизмҳои тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунӣ, инчунин дар ҷараёнҳои иҷтимоӣ мароқи калон дорад. Аз сабаби тафовут дар суръати тараққиёт нобаробарии моликиятӣ байни аҳолӣ, ҳарчанд бо дараҷаи гуногун, амиқтар мешавад, тағйироти тезтар дар тараққиёти минтақаю қаламравҳо мушоҳида мегардад, ҳолати экологӣ бад мешавад. Ин ва дигар ҷараёнҳо ба чунин хулоса меоранд, ки механизмҳои бозор на ҳамеша самарабахш буда, бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз назорати онҳо берун мондаанд.
Назарияҳои рушди иқтисодӣ (воридотивазкунӣ, тамоюли содирот, иқтисодиёт дар асоси илму дониш)-и дар гузаштаи наздик васеъ паҳнгардида ба ташаккули моделҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ таъсир карданд.

пешина
аз 142
навбатӣ