Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Д.Белл ба мақсад мувофиқ будани банақшагирии пурра ё қисманро рад накард. Ӯ чунин меҳисобид, ки бо туфайли демократияи рушдёбанда ва навсозии сохторҳои сиёсӣ ангезаи боэътимоди фаъолияти меҳнатӣ метавонад пайдо шавад.
Асоси методологии назарияи Белл афзалияти технологияи информатсионӣ дар ташкили истеҳсолоти ҷамъиятии муосир мебошад. Оқибати мантиқии ин болоравии меритократия, яъне ташаккули элитаи илмӣ ва мутахассисони дорои донишҳои навтарин мебошад, ки ҳам идоракунии иқтисод ва ҳам қудрати воқеӣ ба дасти онҳо мегузаранд. Аммо Белл ин идеяро дар китоби навбатии худ «Тазодҳои фарҳангии капитализм» (1976) рушд накардааст. Ҳарчанд, ки муаллиф дигар иддао намекард, ки зиёиён қудрати воқеӣ хоҳанд дошт, вале ў онҳоро даъват мекард, ки бо дарки масъулияти худ фаро гирифта шаванд ва ба нақши имконпазир дар ҷомеа омода шаванд. Белл дар тавсифи ҷамъияти постиндустриалӣ қайд кардааст, ки «тамоюлҳои постиндустриалӣ шаклҳои пештараи ҷамъиятиро ҳамчун «марҳила»-и таҳаввулоти иҷтимоӣ иваз намекунанд.
Онҳо аксар вақт бо ҳам зиндагӣ карда, мураккабии ҷамъият ва табиати сохти ҷамъиятиро амиқтар мегардонанд». Худи ҷамъияти постиндустриалӣ, ба ақидаи Белл, ҷамъияте мебошад, ки дар иқтисодиёташ афзалияти он аз истеҳсолоти бартаридоштаи мол ба истеҳсоли хизматрасонӣ, тадқиқот, ташкили низоми маориф ва баланд бардоштани сифати ҳаёт гузаштааст, ки дар он синфи мутахассисони техникӣ ба гуруҳи асосии касбӣ табдил ёфт ва, мухимтаринаш он, ки дар он ҷорӣ намудани навоварӣ ба дараҷаи торафт бештар ба комёбиҳои донишҳои назариявӣ вобаста гардид.
Ҷамъияти постиндустриалӣ ба вучуд омадани синфи наверо дар назар дорад, ки намояндагони он дар сатҳи сиёсӣ ҳамчун машваратчӣ, коршинос ё технократ баромад мекунанд.

пешина
аз 142
навбатӣ