АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Натиҷаи таҳлили назарияи постиндустриалӣ нишон медиҳад, ки асоси консепсияи ҷомеаи постиндустриалӣ баҳодиҳии ҷомеаи нави ба куллӣ фарқкунанда аз ҷомеае, ки дар садсолаҳои гузашта ҳукмрон буд, мемонад: пеш аз ҳама паст шудани нақши истеҳсолоти моддӣ ва рушди соҳаҳои хизматрасонӣ ва иттилоот, характери дигаргуни фаъолияти инсон, тағйир ёфтани навъҳои захираҳои дар истеҳсолот ҷалбшуда, инчунин тағйироти куллӣ дар сохти анъанавии ҷамъиятӣ дида мешавад.
Дар баробари назарияи рушди постиндустриалии ҷаҳони оянда консепсияи ҷомеаи иттилоотӣ, ки муаллифии он ба олимони амрикоиву японӣ (М. Порат, Й. Масуда, Т. Стоунйер ва ғ.) тааллуқ дорад, ва инчунин пешниҳоди ҷомеашиноси ҷопонӣ Т.Сакая оид ба таълимоти «knowledge society» (ҷомеаи дониш) ё «knowledge-value society» (ҷомеаи арзишаш бо дониш эҷодшуда) маъруфият пайдо кардааст. Дар асари худ «Арзише, ки аз дониш офарида шудааст, ё таърихи оянда» (1990) қайд кардааст, ки дар шароити муосир омилҳои анъанавии истеҳсолот дигар арзишеро, ки истеъмолкунандагон барои ин ё он маҳсулот эътироф мекунанд, муайян намекунанд; маҳз дар ҳамин, ба афкори ӯ, яке аз тағйироти асосии дар иқтисодиёти ҳозира ба амалоянда мушоҳида мешавад. Маълумот ва дониш худашон ҳамчун "арзиши дониш" ҳисобида мешаванд, яъне арзишҳое, ки аз дониш тавлидшуда, дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд. Ин арзишҳо ба ташаккули соҳаҳои дониш («knowledge industries») мусоидат мекунанд ва дар кишварҳои пешрафта саҳми онҳо дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ босуръат меафзояд.
Т.Сакая чунин мешуморад, ки хусусияти хоси ҷамъияти муосир на худи далели васеъ паҳншавии дониш, балки онҳо бевосита дар аксарияти неъматҳои дар ҷамъият ба вуҷуд омада таҷассум ёфтаанд ва ба ҳамин тариқ иқтисодиёт ба низоме табдил меёбад, ки дар асоси мубодилаи дониш ва мукаммалгардонии онҳо амал мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё