АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Вай ҳамчун рушди аз ҷиҳати илмӣ санҷидашудаи ҷомеа ҳисобида мешавад, ки маънои бунёди ҷомеаи мутаносибро дорад.
Муҳаққиқон типи иқтисодиёт, ки ба истифодаи васеи донишҳои нав асос ёфтааст, бо истилоҳҳои гуногун ба монанди иқтисодиёти нав, иқтисодиёти дониш ё иқтисодиёти дониш асосёфта, иқтисоди доништалаб номгузорӣ карда, онҳоро ҳамчун синонимҳо истифода мебаранд. Дар ҳақиқат, ин мафҳумҳо дар назари аввал басо ба ҳам наздиканд ва ҳарчанд онҳо тобишҳои семантикии худро доранд, дар мавриди эътирофи хислатҳои умумие, ки ба хислатҳои модели нави иҷтимоӣ хосанд, ки дар ҳамаи истилоҳҳои боло ифода ёфтаанд, якдилона ҳамфикрӣ вуҷуд дорад.
Пеш аз ҳама хоҷагии халқ бояд кобилияти доимии навовариро дарк намуда, ба ҷараёни истеҳсолот дохил кардан, моҳирона истифода бурдани онҳо, инчунин ба вуҷуд овардани донишҳои навро дошта бошад. Ба ғайр аз ин, суръати баланди афзоиши иқтисодиро бе афзоиши таваррум нигоҳ доштан, маблағгузориро ба фондҳои асосии истеҳсолӣ зиёд кардан лозим аст, ки ин имкон медиҳад, ҳосилнокии меҳнат зиёд карда шавад. Мисоли боварибахши иқтисодиёти навро ИМА дар солҳои 90-ум нишон додааст. Мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, ки ба ин ҷараён ҳамроҳ шудаанд, низ ба бисёр дастовардҳо ноил гардиданд. Соли 2000 дар Лиссабон «Эъломияи Иттиҳоди Аврупо» қабул карда шуд, ки ҳадафи стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои аъзои иттиҳодияро дар даҳсолаи оянда: рушди иқтисод дар асоси дониш муайян кард. Хусусиятҳои чунин иқтисодиёт рақобатпазирии баланд, рушди устувор, афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ ва ҷиҳози муосири онҳо, мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоӣ муайян карда мешаванд.
Бо ин ҳама бояд сиёсати бунёди “ҷомеаи иттилоотӣ” тавассути ислоҳоти босуръати сохторӣ такмил дода шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё