АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муҳимтарин ҷузъи сиёсати инноватсионии ИА, навсозии бахши иҷтимоӣ дар асоси сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва ташкили давлати фаъоли некӯаҳволӣ мебошад.
В.Михеев таъкид мекунад, ки аз ҷиҳати назариявӣ иқтисоди дониш ҳамчун илова ба омилҳои анъанавӣ — воситаҳои меҳнат, предмети меҳнат ва худи меҳнат омили нави истеҳсолот мебошад. Падидаҳои нав низ пайдо шуданд — савдои дониш, патент, литсензия, ноухау, ноу-уай. Ин муаллиф шарҳ медиҳад, ки «ғоя»-и меҳнат на танҳо дар дигар омилҳои истеҳсолот мавҷуд аст, балки ҳамчун моли мустақил дар бозор пайдо мешавад. Моли «ғояи илмии маҳсулот» омили иловагии истеҳсолот мегардад, ки истифодаи он рушди иқтисодиро метезонад.
Ин ва бисёр дигар консепсияҳои илмии ҷамъияти постиндустриалӣ ҷараёни мураккаби таҳаввулоти ҷаҳони ҳозираро инъикос мекунанд. Дар таҳлил на танҳо иқтисодчиён ва ҷомеашиносон, балки сиёсатмадорони ҳақиқӣ низ иштирок мекунанд, ки ба ташаккули ҷамъияти типи нав, ё ақаллан ба унсурони онҳо таъсир мерасонанд.
Асоси ин унсурҳо таъсиси истеҳсолоти зичтехнологӣ ва миёнатехнологӣ; ташаккули муҳити соҳибкорӣ, ки қодир ба таъмини маркетинг, аудит, машварат, коммуникатсия; ниҳоди кафолатҳо ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти сармоягузор мебошанд. Навоварии калидии консептуалӣ тиҷорат бо кам кардани хатар барои ҳарду ҷониб мебошад. Дар баробари рушди ин ниҳодҳо ва баъзе ниҳодҳои дигар, дар асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шабакаи хизматрасониҳои постиндустриалӣ ба вуҷуд меояд.
Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ консепсияи рушди пешқадами саноатро, ки баъзе унсурҳои моделҳои постиндустриалиро низ дар бар мегирифт, идома доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё