Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муаллифони ин консепсия аҳамияти пешрафти илму техника ва зарурати фароҳам овардани шароит барои гузаштан ба иқтисодиёти хизматрасониро дарк намуданд; ҳангоми он сохтори шуғл тағйир ёфта, ҷамъияти нав ташаккул меёбад.
Муҳимтарин падидае, ки бисёр равандҳои иҷтимоию иқтисодиро дигар мекунад, ҷаҳонишавӣ гардид. Таъсири онро бо дараҷаҳои гуногун ҳамаи давлатҳое, ки ба даъватҳои дар иқтисодиёти ҷаҳон тамоюлҳои наву норавшанро офарандаи он кӯшиши ҷавоб гардониданро доранд, ҳис мекунанд. Ҷаҳонишавӣ дар натиҷаи тағйир ёфтани қувваҳои истеҳсолкунанда, вақте ки илм ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёфта, меҳнати зинда манбаи арзиши нав буда наметавонад, ба вуҷуд омад ва меафзояд. Дар ниҳоят вазифаи илм, капитал ва меҳнат мегардад. Дар аввал иқтисодиёти аграрию ашёи хомро саноат пеш мегузарад, хусусияти мубодила тағйир меёбад, баъд соҳаи хизматрасонӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар натиҷаи ин равандҳо вобастагии нави ҳамдигарӣ ташаккул меёбад, ки онро метавон ҳамчун ҳаммукаммалгардонӣ маънидод кард.
Ҳамзамон импулсҳои ҷаҳонишавӣ аз маркази низоми ҷаҳонӣ меоянд. Мураккабӣ ва серҷабҳагии ҷахонишавӣ диққатро бештар ҷалб намуд, ки дар он таҷрибаи иҷтимоию таърихии ҷамъият ва дигар омилҳое, ки ба ташаккули ҷараёнҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин муносибатҳои байнидавлатӣ таъсир мерасонанд, бо ҳам печутоб хӯрдаанд. Аз ин рў, зарурати татбиқи усули таҳқиқотии байнипредметӣ, ки дар худ унсурҳои таърих, иқтисод, ҷамъиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва дигар фанҳои иҷтимоӣ муттаҳид кардааст, пайдо мешавад. Чунин равиш, ки барои васеътар ва чуқуртар таҳлил намудани хусусиятҳои хоси баъзе моделҳои мамлакатҳои саноатӣ, аз ҷумла Сингапур, Малайзия, Таиланд, Вйетнам ва Индонезия имконият медиҳад, самарабахш мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ