АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар баробари ин дар рафти муҳокима дар бораи рушди иқтисодӣ диққати тадқиқотчиёнро мафҳуми «навъҳои капитализм» бештар ба худ ҷалб мекунад. Вай зарурияти чуқуртар ва ҳаматарафа таҳлил кардани капитализмро чӣ дар иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ва чӣ дар мамлакатҳои рушдёбанда, барои муқаррар намудани хусусиятҳои типологии он дар мамлакатҳои сохти иқтисодиашон гуногун иддао мекунад. Равиши асосӣ муайян кардани дараҷаи инкишофи ниҳодҳои асосие, ки бозор ба он асос ёфтааст, ва муайян кардани нақши онҳо мебошад.
Равиши дигарро ба таҳлили иқтисодиёти кишвар консепсияи иқтисодиёти нави муқоисавӣ нишон медиҳад.
Дар маркази диққати тарафдорони он ниҳоди моликият ва такя ба ҳуқуқи моликият мебошад. Вазъият ва дурнамои рушди иқтисодиёт ба қувваи низоми ҳуқуқӣ дар кишвар, риояи қонуният ва субот вобаста аст. Дар чунин шароит барои саҳмдорон ва қарздорон хавфи камтар кафолат дода мешавад, инчунин сатҳи боэътимоди қонунгузории ҳимоя барои сармоягузор таъмин мегардад, ки он метавонад бидуни тарси мусодираи моликияташ аз ҷониби давлат ё агентҳои хусусӣ амал кунад. Дар ниҳояти кор, ин эътимод ба субот имконияти минбаъдаи рушд ва сармоягузориҳои навро муайян мекунад.
Таҳлили нави муқоисаи иқтисодиёт ҷанбаҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои моликияти шахсон ва давлат, таъмини қонунгузории фаъолияти хоҷагидорӣ, идоракунии хавфҳо, самаранокии муассисаҳо, ҳаҷми оптималии савдои берунӣ омӯхта мешаванд. Баҳодиҳии фаъолияти ширкатҳо таҳлили ҳамаҷониба гузаронида мешавад, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии идоракунӣ, муносибатҳои дохилихоҷагӣ - ҳамаи ин дар маҷмуъ ба макроиқтисодиёт таъсир мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё