Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Илова бар ин, байни муассисаҳои гуногун ва бозор баъзе робита вуҷуд дорад. Масалан, тағйирот дар фаъолияти бонкӣ ногузир будани ҳамкории байни фирмаҳоро барои мувофиқа кардани амалиёти якҷоя ба чунин тағйирот пешакӣ муайян мекунад.
Мутаносибан, иқтисодиёти бозории кишварҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешавад: озод (иқтисодиёти бозории либералӣ) ва идорашаванда (иқтисодиёти бозории ҳамоҳангшуда). Дар шароити иқтисодиёти бозории озод фирмаҳо бо риояи қонунҳои иерархия ва рақобат амал карда, аксаран аз назарияи неоклассикии гирифтани фоидаи зиёдтарин бармеоянд. Иқтисодиёти миллӣ ҳамчун иқтисодиёти бозории идорашаванда тасниф карда мешаванд, агар онҳо ба истеҳсоли шабакаҳои робитавии иқтисодии худ шурӯъ кунанд. Яке аз андешаҳои муҳаққиқоне, ки ба ин ду гурўҳ тақсим кардани кишварҳоро пешниҳод кардаанд, ин буд, ки имкони ҳар як иқтисодиётро аз рўи меъёрҳои ягона арзёбӣ кардан ва аз ин рў, рафтори муайяни давлатро нисбат ба он тавсия кардан ба мақсад мувофиқ нест.
Ҷустуҷӯи моделҳои нави иҷтимоию иқтисодии навъи инноватсионӣ, ки дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу- Шарқӣ оғоз ёфта буд, нобаробарии воқеии сатҳи тараққиёти ин кишварҳо ва имкониятҳои гуногуни онҳоро барои татбиқи чунин лоиҳаҳо ошкор кард. Ба ҳамаи ин мамлакатҳо лозим омад, ки саноатикунонӣ ва модернизатсияро тезонанд, саъю кӯшиш кунанд, ки ҳарчӣ зудтар ба гуруҳи давлатҳои саноатӣ ҳамроҳ шаванд ё ақаллан ба он наздик шаванд. Аммо барои бо захираҳои зарурии меҳнатӣ ва базаи моддию техникӣ таъмин намудан, инчунин ҷорӣ намудани ташкили ҷараёни истеҳсолот ва идоракунии корхонаи комилан нав маблағгузории калон лозим мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ