АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Пешрафти босуръати техникӣ барои бо суръати тез тараққӣ кардани ҳамаи омилҳои истеҳсолот шароити зарурӣ ба вуҷуд меоварад. Ва азбаски рақобат дар миқёси ҷаҳонӣ афзоиш меёбад, онҳое, ки дар раванди истеҳсолот бартарӣ ба даст меоранд, низ ғолиб меоянд. Дар натиҷа афзоиши таваррумро муътадил гардондан ва баръакс, барои маблағгузориҳои нав манбаи иловагии маблағҳо ба даст овардан мумкин аст, ки барои таъмини пешрафти минбаъдаи техникӣ ва илмӣ имконият медиҳад.
Аз даҳаи ахири садаи гузашта консепсияи иқтисодиёт ва ҷомеаи дар асоси илму дониш пайравони бештар пайдо кард. Чунонки раиси Кумитаи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) Чунг Йонган қайд намуд, «ба ҷараёни истеҳсолот омили нав — дониш дохил шуд ва ин на танҳо тарзи истеҳсоли маҳсулотро тағйир дод, балки ҳамчунин, тамоми иқтисодиётро тағйир дод. Кумитаи иқтисодӣ аҳамияти чунин рушдро эътироф мекунад ва дар кишварҳои узви APEC тадқиқотеро дастгирӣ мекунад, ки ба фаҳмидани моҳият ва сабабҳои ташаккули иқтисодиёт дар асоси дониш ва илм (иқтисоди дониш асосёфта) нигаронида шудааст. Ҳамчунин бояд андеша кард, ки кадом сиёсати давлатӣ метавонад чунин иқтисодиётро пеш барад».
Мутахассисони Кумитаи иқтисодии APEC хусусиятҳои ин низоми нави иқтисодиро муайян карданд, ки дар он «истеҳсол, тақсимот ва истифодаи дониш қувваи асосии пешбарандаи рушд, пайдоиши сарват ва шуғл дар тамоми соҳаҳо гардидааст». Инчунин гуфта мешавад:
«Дар чунин иқтисодиёт маҳз қобилияти ба маҳсулот ва равандҳои фоиданок табдил додани ғояҳо барои ширкатҳо манбаи баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо мегардад. Он ширкатҳое, ки аз бартариҳои дониш самаранок истифода бурда наметавонанд, метавонанд ҳиссаи худро дар бозор ба рақибони навовар диҳанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё