АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар даҳсолаҳои охир пешрафти техника ва технология, ки ба комёбиҳои навтарини илм ва инқилоби иттилоотӣ асос ёфтааст, дар ҳамаи звеноҳои истеҳсолот ва тақсимот худистеҳсолшаванда шуд. Қобилияти эҷод ва татбиқ рушди тамоми ҷузъҳои иқтисодиёти миллиро аз бахши анъанавии он сар карда, то бо муосиртарин соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ таъмин менамояд.
Одатан чунин мешуморанд, ки бо роҳи ба ҷараёни истеҳсолот ҷалб намудани иқтидорҳои истифоданашуда, қувваҳои нави меҳнатӣ, захираҳои нави моддӣ ва ё сармояи иловагӣ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо имконпазир аст. Аммо, бо беҳтар ташкил кардани ҷараёни истеҳсолот низ истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониро зиёд кардан мумкин аст, ки имконияти афзоиши арзиши иловагиро медиҳад.
Дар шароити нав омӯхтани муносибати давлат ба илм ва кори тадқиқотӣ, инчунин муайян кардани ҳаҷми хароҷоти давлатӣ ва хусусӣ барои корҳои илмӣтадқиқотӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҳангоми ошкор кардан муҳим аст, ки ин омилҳо ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат то чӣ андоза таъсир мерасонанд ва оё натиҷаҳои марказҳои илмӣ дар сатҳи давлатӣ ва фирмаҳо якхелаанд. Муайян кардан лозим аст, ки кадом унсурҳоро ҷузъҳои асосии иқтисодиёт ва ҷамъияти ба дониш ва илм асосёфта дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб мегиранд. Ҳамчунин ҳаҷм ва шаклҳои иштироки фаъолияти инноватсионӣ дар стратегияи рушди иқтисодиёти донишро пайдо кардан зарур аст. Бахусус, то чӣ андоза бизнес-стратегияҳои кишварҳои минтақа аз арзёбии сармоягузориҳои мукаммал ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) бармеоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё