Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин технологияҳо асоси рушди босуръати инноватсиониро, пеш аз ҳама, дар Сингапур ва баъдан дар Малайзия, Индонезия ва Таиланд замина гузоштанд.
Дар Вйетнам, Филиппин, Лаос, Камбоҷа, Мянма рушди иқтисодӣ умуман бо проблемаҳои асосии ҳалнашудаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ тавсиф мешавад, ки ин заминагузори ноустувории он буда, шиддатнокиро дар ҷамъият ба вуҷуд меоварад. Дар ин давлатҳо кайҳо боз ҷустуҷӯи роҳи рушди муносиб давом дорад, ки вариантҳои он ҳанӯз аз иқтисодиёти дониш дуранд. Бо вуҷуди ин, унсурҳои алоҳидаи меъмории иқтисодии оянда дар Вйетнаму Филиппин низ баръало мушоҳида мешаванд.
Маълум аст, ки муваффақияти навоварии аз ҷониби як фирма ноилгашта, яъне истеҳсоли маҳсулоти нав, афзоиши бозор ва талаботи истеъмолкунандагонро ҳавасманд мекунад. Навоварӣ сифати маҳсулотро беҳтар ва арзиши аслии маҳсулотро арзон карда, фоидаро афзун гардонида метавонад. Ширкатҳои рақобаткунанда кӯшиш мекунанд, ки ин дастовардҳои пешрафтаро барои дастрас намудани манфиатҳои шабеҳ истифода баранд.
Дар натиҷа дар тамоми соҳа тағйирот ба амал меоянд ва дар як муддати кӯтоҳ он дигаргун мешавад. Дар навбати худ дигар соҳаҳои саноати бо ин соҳа алоқаманд ва навъҳои саноат, ки онро бо қисмҳои алоҳида ё ашёи хом таъмин мекунанд, низ барои татбиқи навовариҳои технологӣ дар хоҷагии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамин тавр, татбиқи навовариҳо дар тамоми хоҷагии халқ доимо вусъат меёбад.
Аксари иқтисодшиносон дар Ғарб, инчунин дар кишварҳои пешсафи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дурнамои эҷоди иқтисодиёти донишро модели хеле самараноки макроиқтисодӣ мешуморанд. Дар мавриди дигар кишварҳои минтақа гуфтан мумкин аст, онҳо дар ибтидои татбиқи чунин модели иқтисодии рушд мебошанд, ки дар шароити воқеии иҷтимоию иқтисодии муайян ба кор бурда шавад.

пешина
аз 142
навбатӣ