Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Моделҳои иқтисодиёти дониш дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули худ қарор доранд. Дар ин марҳила танҳо таҳлили консепсияҳо, инчунин баёни озмоишҳои аввалин, проблемаҳо ва натиҷаҳои ин ҷараёни меҳнатталаб ва мураккаб имконпазир аст. Бо вуҷуди ин, бо муайян кардани сатҳи ташаккул ва амалкарди низомҳои пайдошудаи инноватсионӣ қонуниятҳои умумии ин раванд, аз ҷумла, хусусиятҳои шаклҳои бозории фаъолияти инноватсиониро ошкор кардан мумкин аст. Масалан, хусусияти умумии ин мамлакатҳо набудани потенсиали калони илмӣ буд. Ҳамаи онҳо, ҳарчанд бо дараҷаҳои гуногун, майдони фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ мебошанд. Таҷрибаи эҷодии онҳо дар ташкили низомҳои инноватсионӣ ба ин мамлакатҳо имконияти коҳиши муҳлати гузариш ба технологияҳои навро медод. Зарурати пайвастани манфиатҳои дутарафа дар ҳар як маврид роҳи ҳалли проблемаҳоро пешакӣ муайян мекунад. Аммо барои ҳамаи барномаҳои қабулшуда эътирофи нақши муайянкунандаи давлат дар фароҳам овардани шароит барои фаъолияти инноватсионӣ хосанд: марказҳои рушди босуръат, кластерҳои инноватсионию техникӣ, минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, паркҳои технологӣ таъсис дода мешаванд.
Давлат инчунин ба ташаккули муассисаҳои барои иқтисодиёти дониш зарурӣ – бозори саҳмияҳо, сармояи венчурӣ, бизнеси хурду миёнаи инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Барои тарафдорони ин самт дар сатҳи қонунгузорӣ таъмини ҳуқуқи моликияти шахс ва давлат калидӣ мебошад. Ба чораҳои зиддикоррупсионӣ, идоракунии хавфҳо, муайян кардани ҳаҷми оптималии савдои хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ