Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд, ки соли 1992 дар Рио-Де-Жанейро баргузор шуд, баҳсҳо байни олимон, сиёсатмадорон, намояндагони ҷомеаи васеъ дар бораи мафҳумҳои "рушди устувор", "идоракунии рушди устувор" ва "андозагирии миқдории рушди устувор"
гармуҷӯш буданд.
То имрӯз барои муайян кардани мафҳумҳои дар боло зикршуда равиши умумӣ қабул нашудааст. Аммо, ин маънои онро надорад, ки кӯшишҳо барои татбиқи принсипҳои рушди устувор, ки дар Гузориши Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд мустаҳкам карда шудаанд, сурат нагирифтаанд.
Баъзе принсипҳои рушди устувор Ба манбаъҳои асосии мушкилоти глобалии муосир ва рушди устувор риоя накардани як қатор принсипҳоро мансуб кардан мумкин аст, ба монанди:

  • рушди устуворро аз раванди рушд (иҷтимоию иқтисодӣ) ва ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона (ки ба экология имкон медиҳад, ки дар мӯҳлати муносиб барқарор карда шавад) алоҳида баррасӣ кардан мумкин нест;
  • рушди устувор зарурат ва ӯҳдадории ғамхорӣ дар бораи наслҳои ҳозираро бидуни зарар ва фоида ба наслҳои оянда пешбинӣ мекунад, бо назардошти он, ки ҳамаи одамон аз таваллуд ба ҳаёти солим ва пурсамар, ки дар иттифоқ бо табиат ҳамоҳанг аст, ҳуқуқ доранд;
  • рушди устувор пешбинӣ мекунад, ки кишварҳои ҷаҳон дар масъалаҳои таҳияи захираҳои худ соҳибихтиёранд, аммо онҳо вазифадоранд манфиатҳои дигар кишварҳоро, ки метавонанд ба онҳо таъсир расонанд, ба назар гиранд;
  • рушди устувор решакан кардани камбизоатиро пешбинӣ мекунад-ин вазифаи калидӣ дар роҳи ба даст
пешина
аз 142
навбатӣ