АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Иқтисодиёт
Аз аввал хондановардани устуворӣ мебошад, ки дар доираи он ҳамаи кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд;
- рушди устувор пешбинӣ менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар масъалаҳои фароҳам овардани имконияти қонеъ гардонидани манфиатҳо ва ниёзҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муттаҳид шуда, бо дарназардошти он, ки кишварҳои рӯ ба инкишоф бинобар вазъи осебпазири иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии онҳо бояд аҳамияти калидӣ дошта бошанд;
- рушди устувор пешбинӣ мекунад, ки барои барқарор кардани ҳолати тамомияти экосистемаи Замин шарикии глобалии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бояд амалӣ карда шавад. Бояд ба назар гирифт, ки кишварҳои гуногун дар бад шудани вазъи экология дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми гуногун доранд. Кишварҳо бояд масъулияти умумӣ, вале гуногун дошта бошанд.
Кишварҳои пешрафта бояд масъулияти худро нисбати кишварҳои рӯ ба инкишоф дарк кунанд ва қабул кунанд, зеро миқёси азими таъсири онҳо ба вазъи муҳити ҷаҳонӣ, бо назардошти мавҷудияти технологияҳои муосир ва захираҳои молиявии дар ихтиёрашон буда назаррас мебошад; - рушди устувор пешбинӣ менамояд, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба манфиати наслҳои оянда бояд барои аз байн бурдани моделҳои истеҳсолӣ ва истеъмолии ғайри қобили амал, инчунин барои гузаштан ба сатҳҳои нав ва беҳтари сифати зиндагии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ талош намоянд. Сиёсати дахлдори демографиро ҳавасманд кунанд;
- рушди устувор пешбинӣ мекунад, ки нақши асосӣ дар татбиқи рушди устувор бояд ба рушди фаҳмиши илмии масъалаҳои мубрам, аз ҷумла мубодилаи фаврӣ ва саривақтии иттилоот дар соҳаи пешрафти илмию техникӣ, барои интиқоли технологияҳои муосир, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё