Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷумла усулҳо ва таҷрибаҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба рушди устувор тааллуқ дошта бошад;

  • рушди устувор пешбинӣ менамояд, ки дар сатҳи миллӣ ҳамаи шаҳрвандон бояд ба иттилооти мубрами инъикоскунандаи вазъи муҳити зист дастрасии фаврӣ ва озод дошта бошанд. Ҷомеаи маҳаллӣ бояд ҳуқуқ ва имконияти иштирок дар чорабиниҳоеро дошта бошад, ки дар натиҷаи онҳо дар соҳаи рушди устувори қаламравҳои дар он зиндагикунанда қарорҳо қабул карда мешаванд;
  • мақомот бояд низомҳои ҳавасмандгардонии хоҳиши сокинонро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи амалҳое, ки барои татбиқи устувории вазъи экологӣ заруранд, таҳия ва рушд диҳанд;
  • мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд қонунгузориро дар соҳаи рушди устувор, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пайваста такмил диҳанд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро қабул намоянд, дар ин самт бо намояндагони дигар кишварҳо ҳамкорӣ намоянд, дарк намоянд, ки стандартҳои соҳаи экология дар кишварҳои гуногун метавонанд гуногун бошанд;
  • ҷанг ногузир ба раванди рушди устувор таъсири харобиовар мерасонад ва сулҳ, рушд ва ҳифзи муҳити зист аз ҳамдигар вобастаанд ва ҷудонашавандаанд; Муносибати истеъмолии ҷомеа ба неъматҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати тағйироти куллӣ дар муносибат ба масъулиятро барои рафтори худ ба вуҷуд овард. Зарурати эҷоди принсипҳо ва равишҳои нав дар сиёсати иқтисодӣ ба миён омад. Дар ибтидои солҳои 90- уми асри ХХ модели нави рушди иқтисодӣ - рушди устувор пайдо шуд.
    Рушди устувор ба талаботи объективии тамаддуни муосири инсонӣ табдил ёфт. Устуворӣ хусусияти ҳар як раванд ба шарте, ки қоидаҳо ва меъёрҳои муайян риоя карда шаванд, шартҳои зарурӣ бо назардошти самти иқтисодӣ иҷро карда мешаванд.
пешина
аз 142
навбатӣ