Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси мафҳуми рушди устувор муносибатҳои мувофиқашуда ва мутаносиби байни иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин экология ҷойгир аст. Дар робита ба ин, мафҳуми устувории низоми иқтисодӣ инчунин бо нишондиҳандаҳои сатҳи рушди соҳаи иҷтимоӣ (масалан, тақсимоти даромад, ҳиссаи синфи миёна дар сохтори иҷтимоии ҷомеа, сатҳи шуғли аҳолӣ ва ғайра) ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа (бо назардошти соҳаи сиёсӣ) муайян карда мешавад.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, масъалаҳои экология на танҳо барои худи соҳаи экология, балки барои соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ торафт муҳимтар ба назар мерасанд. Вазъи экологӣ ба саломатии миллат таъсири калон мерасонад.

3.5. Тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ
Тамоюлҳои муосир дар рушди омилҳои
истеҳсолот пурзӯр кардани равандҳои
байналмилалгардӣ, фаромиллигардӣ ва ҳамгироӣ
равандҳое мебошанд, ки ба ташаккули воқеии хоҷагии
ҷаҳонӣ ҳамчун тамомияти умумии иқтисодии ҷаҳонӣ
оварда мерасонанд. Маҳдудияти ногувори кишварҳое, ки
амалан мавқеи изолятсионистиро ишғол мекарданд,
ошкор шуд, ки иқтисоди миллии худро аз ворид кардани
"элементи иқтисодии хориҷӣ" ба он муҳофизат мекарданд
ва диққати худро ба шаклҳои гуногуни фаъолияти
тиҷоратӣ равона мекарданд, ки истифодаи шаклҳои
пешрафтаи кооператсияро дар бар намегирифтанд. Ин
маҳдудият, аз ҷумла, дар шакли қафомонии шадиди
технологии кишварҳои низоми сотсиалистӣ, ки дар
солҳои 1970-1980 ба назар мерасид, аён шуд, ки сиёсати
дохилии онҳо ба рушди равандҳои байналмилалгардии хоҷагиҳои миллии онҳо монеъ шуд (инкор кардани принсипи моликияти хусусӣ ба бастани онҳо мусоидат кард).

пешина
аз 142
навбатӣ