Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳаракати омилҳои истеҳсолот Барои кишварҳо на танҳо истифодаи фаровонии баъзе омилҳо ва кам будани омилҳои дигарро барои ба роҳ мондани содирот ва воридоти баъзе молҳо ва хидматҳо, балки содироти омилҳои барзиёди мавҷуда ва воридоти омилҳои камбуди истеҳсолот мақсаднок мебошад. Кишварҳои аз сармоя танқисӣ дошта онро аз хориҷа фаъолона ҷалб мекунанд, қувваи кории зиёдатии баъзе кишварҳо кӯшиш мекунад, ки дар дигар кишварҳо истифода шавад, давлатҳои дорои илми пешрафта технологияро ба ҷойҳое мебаранд, ки чунин технология вуҷуд надорад. Ҳаракати байналмилалии омилҳои истеҳсолот на танҳо аз талабот ва пешниҳоди ин омилҳо дар кишварҳои гуногун, балки аз ҳаракати онҳо, монеаҳои гуногуни ҳаракати омилҳо ва бисёр нуқтаҳои дигаре, ки ба ин ҳаракат халал мерасонанд, вобаста аст.
Бо вуҷуди ин, ҳаҷми ҳаракати байналмилалии омилҳои истеҳсолот бо ҳаҷми тиҷорати байналмилалӣ дар як сатҳ қарор дорад. Дар ин асос назарияҳои тиҷорати байналмилалӣ ва ҳаракати байналмилалии омилҳои истеҳсолот сохта мешуданд, ки дар боби 2-юми дастури мазкур баррасӣ шудаанд.
Модели давраи ҳаёти маҳсулот аз ҷониби Раймонд Вернон таҳия шудааст. Мувофиқи ин модел, маҳсулоти нав аз чор марҳилаи давраи ҳаёт мегузарад (баъзан панҷ марҳила ҷудо мекунанд): I - ҷорӣ кардан дар бозор; II - афзоиши фурӯш; III — камолот (IV - сершавии бозор); IV (V) коҳиши фурӯш.
Давраи байналмилалии ҳаёти маҳсулот барои ширкате, ки бори аввал истеҳсоли онро ба роҳ мондааст, каме фарқ мекунад: I — истеҳсоли монополӣ ва содироти

пешина
аз 142
навбатӣ