Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Марзи марҳилаи чорум, тибқи таснифоти Ростоу, барои Англия - соли 1850, барои ИМА - соли 1900, барои Олмон ва Фаронса - соли 1910, барои Ҷопон - соли 1940, барои ИҶШС Ва Канада - соли 1950 буд.
Ниҳоят, марҳилаи панҷум аз ҷониби Ростоу дар солҳои
70 — ум ҳамчун дороии танҳо ИМА баррасӣ карда шуд.
Асоси ин марҳиларо саноати автомобилсозӣ, сохтмони наздишаҳрӣ, сохтмони роҳҳо ва хусусан соҳаи хизматрасонӣ ташкил доданд. Гузариш ба ин марҳила бо коҳиши қувваи кории кишоварзӣ, интиқоли қудрат аз соҳибон ба менеҷерҳо, тағйирёбии арзишҳо ва ғайра ҳамроҳ мешавад.
Назарияи Ростоу ба фаҳмидани ҷараёни рушди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дурнамои он кӯмак мекунад. Дар айни замон, дар он як давраи рушд
— омодагӣ ва густариши инқилоби саноатӣ мутлақ карда мешавад ва давраи пас аз саноатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар он бисёр кишварҳо ҷойгиранд ё ба он дохил мешаванд, нодида гирифта мешавад.
Назарияҳои ҷомеаи ягонаи саноатӣ ва нави саноатӣ Пайдоиши назарияи ҷомеаи ягонаи саноатӣ пеш аз ҳама бо номи сотсиологи фаронсавӣ Раймон Арон алоқаманд аст, ки изҳор дошт, ки дар ҷараёни саноатикунонии кишварҳои гуногун ҷомеаи ягонаи саноатӣ барои онҳо ташкил карда мешавад ва низомҳои шӯравӣ ва ғарбӣ танҳо навъҳои он мебошанд. Пешрафти техникӣ, ба ақидаи муаллифи дигари назарияи ҷомеаи ягонаи саноатӣ фаронсавӣ Эллюл, на танҳо татбиқи қонунҳои иқтисодиро, балки моҳияти худи қонунҳоро низ тағйир медиҳад: нақши пешбари моликият барҳам дода мешавад, ҳокимияти иқтисодӣ ба ширкатҳои калон мегузарад, бо кӯмаки давлат қишрҳои сарватманд ва камбизоат барҳам дода мешаванд.

пешина
аз 142
навбатӣ