АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Варианти дигари ғояҳо дар бораи ҷомеаи пас аз саноатӣ назарияи супериндустриализм мебошад, ки онро сотсиолог ва футурологи амрикоӣ Алвин Тоффлер дар китоби "Мавҷи сеюм" (1980) пешниҳод кардааст.
Муаллиф кӯшиш мекунад, ки ҳамаи равандҳои мураккаб ва гуногуни тағйиротро, ки аз ҷониби ҷомеаи муосир, суқути индустриализм ва тавлиди "тамаддуни нав" аз сар мегузаронанд, шарҳ диҳад. Чунин гузаришро ӯ бо назарияи тағирйёбии пайдарпайи "мавҷҳои тағйирот", ки дар раванди рушди таърихӣ ба амал меоянд, шарҳ медиҳад. Тақрибан даҳ ҳазор сол пеш "мавҷи аграрии тамаддун" оғоз ёфт, сипас аз охири асри XVII дар Аврупо инқилоби саноатӣ сар зад, ки ба мавҷи дуюми бузурги "тағйироти сайёра" ва таъсиси тамаддуни саноатӣ оварда расонд ва аз аввали солҳои 60-уми асри XX наздикшавии "мавҷи сеюм"оғоз ёфт.
Дар соҳаи психологияи иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёт, ҷомеаи "мавҷи сеюм" маънои гузариш аз "фарди саноатӣ, ки ба истеҳсол ва истеъмол нигаронида шудааст" ба “шахсияти нав, ки ба арзишҳои маънавӣ ва эҷодкорӣ нигаронида шудааст" - ро дорад. Ба ҷои арҷгузории пул, муносибати ҳукмронӣ ва итоат - муносибати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарёрӣ; ба ҷои интизоми сахти меҳнат дар доираи созмонҳои азим - кори ихтиёрӣ дар ташкилоти хурд ва дар хона, тибқи ҷадвали чандир; ба ҷои хароб кардани табиат, исрофкории захираҳои ҷуброннопазир - тамаркуз ба ҳамкорӣ бо табиат, ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия; ба ҷои афзоиш ба хотири худи афзоиш - афзоиши маҳдуди мутавозинро пешбинӣ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё