АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
2.2. Назарияҳои тамаддуни ягона ва бархӯрди тамаддунҳо Пас аз анҷоми "ҷанги сард" ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимоти сиёсии ҷаҳон ба се блок; кишварҳои коммунистӣ (сотсиалистӣ), кишварҳои ғарбӣ (зиддикоммунистӣ) ва кишварҳои ба он муқобил (бетараф) ба охир расид. Чунин тақсимоти сиёсии ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат тақсимоти иҷтимоию иқтисодиро ба кишварҳои дорои иқтисоди сотсиалистӣ (ба истилоҳ кишварҳои коммунистӣ), бо иқтисоди пешрафтаи бозорӣ (ба истилоҳ кишварҳои капиталистӣ) ва кишварҳои рӯ ба инкишоф бо иқтисоди бозорӣ (ба истилоҳ кишварҳои ҷаҳони сеюм) муайян кардааст. Ҳоло он ба тақсимоти кишварҳои пешрафта, рушдёбанда ва бо иқтисодиёти гузариш табдил ёфтааст. Аммо, як қисми кишварҳои рӯ ба инкишоф (аз зергурӯҳи кишварҳои нави саноатӣ) ба гурӯҳи кишварҳои пешрафта мегузаранд ва давлатҳои дорои иқтисоди гузариш бо мурури замон қисман ба гурӯҳи кишварҳои пешрафта, қисман ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф мегузаранд.
Типологияи кишварҳои ҷаҳон дар оянда чӣ гуна хоҳад буд? Кӯшишҳои ҷавоб додан ба ин савол дар назарияҳои тамаддуни ягона ва бархӯрди тамаддунҳо мавҷуданд.
Назарияи тамаддуни ягона
Дар асоси назарияи иҷтимоию фарҳангии тамаддуни ягона идеяи либералӣ дар бораи ҳаракати тадриҷии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба сохти ягонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ - демократияи либералӣ ҷойгир аст.
Ба ақидаи тарафдорони муосири ин назария, чунин сохтор аллакай дар Ғарб ба даст оварда шудааст ва вақте ки дигар кишварҳои ҷаҳон бо озод шудани онҳо ба он ноил мешаванд, ҷаҳон ба як ҷомеаи ягона табдил меёбад ва аз ин рӯ, тавре ки яке аз муаллифони машҳури ин назария, олими амрикоии ҷопонитабор Фрэнсис Фукуяма изҳор дошт, "охири таърих" хоҳад омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё