АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Агар Португалия аз истеҳсоли матоъ даст кашад ва онро аз Англия интиқол диҳад, пас дар ҳар як порчаи он меҳнати солонаи 10 коргари худро сарфа мекунад.
Дар навбати худ, агар Англия аз истеҳсоли шароб даст кашад, пас аз ҳар як зарфи он меҳнати солонаи 20 коргари худро сарфа мекунад.
Мисол маънои онро дорад, ки музди меҳнат дар ҳарду кишвар якхела аст. Аммо ҳатто агар он гуногун бошад ҳам, тавре ки пайравони Рикардо қайд карданд, он ба назарияи бартариҳои муқоисавӣ тағйироти куллӣ ворид намекунад, дар ҳолати мазкур, агар сатҳи музди меҳнат дар Португалия нисбат ба Англия ду баробар камтар бошад, пас Португалия аз мубодила мисли пеш фоида ба даст меорад, аммо на ду маротиба, балки чор маротиба камтар аз Англия, ва фоидаи Англия, баръакс, на ду, балки чор маротиба зиёдтар хоҳад буд. Инро ҳисоб кардан душвор нест, агар шумо музди солонаи шаробпазон ва бофандагонро дар Португалия 1000 фунт стерлинг ва музди меҳнати онҳо ва Англияро 2000 фунт стерлинг муайян кунед.
Ҳамин тариқ, назарияи бартариҳои нисбӣ ба кишвар тавсия медиҳад, ки молеро ворид кунад, ки хароҷоти истеҳсоли он дар кишвар нисбат ба молҳои содиротӣ баландтар бошад. Баъдтар иқтисоддонҳо исбот карданд, ки ин на танҳо ба ду кишвар ва ду мол, балки ба ҳар шумораи кишварҳо ва молҳо низ дахл дорад.
Афзалияти асосии назарияи бартариҳои нисбӣ далели қавии он аст, ки тиҷорати байналмилалӣ ба ҳамаи иштирокчиёни он фоидаовар аст, гарчанде ки он метавонад ба баъзеҳо фоидаи камтар (дар мисоли боло ин Португалия аст), ва ба дигарон фоидаи бештар (Англия) диҳад. Дар ин дастоварди бузурги назарияи Рикардо инъикос гардидааст, ки дар тиҷорати хориҷӣ низ идеяи Смит дар бораи фоиданокии тақсимоти меҳнат барои ҳамаи иштирокчиёни он тасдиқ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё