АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Масалан, интиқоли асъори муҳоҷирон дар Миср, Покистон, Португалия тақрибан 12-13% ММД ва дар Лубнон 64% ММД – ро ташкил медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо, касри тавозуни савдои кишвар ба туфайли даромади асъори муҳоҷирон ба тавозуни барзиёди пардохт табдил меёбад. Илова бар ин, ҳангоми бозгашт ба ватан, муҳоҷирон, ба гуфтаи мутахассисон, бо худ ба ҳамон миқдор маблағе, ки ба кишвар интиқол додаанд, пасандоз меоранд.
Пас аз бозгашт ба ватан, муҳоҷирон аксар вақт дорои тахассуси хеле баланд мебошанд ва метавонанд ташкилкунандагони раванди меҳнат бошанд, малакаҳои касбии дар хориҷа омӯхташударо ба дигарон интиқол диҳанд. Бо пасандози муайян ба ватан баргашта, муҳоҷирон синфи миёнаро ташкил мекунанд, кишвар захираҳои меҳнатии устуворро ба даст меорад. Танҳо зарур аст, ки ба бозгаштагон шароити мусоиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои амалӣ намудани иқтидори онҳо фароҳам оварда шавад.
Дар маҷмӯъ, на танҳо буҷети давлатии кишвар, балки тамоми иқтисодиёт аз содироти қувваи корӣ манфиат мегирад.
Оқибатҳои манфӣ барои кишвари донор чунинанд:
- аз даст додани захираҳои меҳнатӣ дар синни қобили меҳнат, дар натиҷа пиршавии захираҳои меҳнатӣ ба амал меояд;
- хароҷоти таҳсилот ва таълими касбии кадрҳо гум мешаванд;
- "хуруҷи мағз" рух медиҳад.
"Хуруҷи мағз" хусусияти хоси равандҳои муосири муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҷараёни чунин муҳоҷирон асосан ба кишварҳои саноатӣ равона карда шудааст, ки аз ҳисоби омадани чунин коргарон таъсири назарраси иқтисодӣ ба даст меоранд. Кишвар, бе сарфи маблағ барои тайёр кардани чунин мутахассис, фавран аз меҳнати самараноки ӯ фоида мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё