Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тибқи арзёбиҳои мавҷуда, фоидаи дар натиҷаи истисмори "мағзҳои бегона"-и ба даст овардашуда аз ҳаҷми кӯмаке, ки ба кишварҳои рӯ ба инкишоф расонида мешавад, дар Канада 7 маротиба ва дар Бритониё 3 маротиба зиёдтар аст.
Тавозуни таносуби фоида ва зиён дар амал, аксар вақт ба манфиати кишвари мизбон ташаккул меёбад ва ақидаи ҷамъиятӣ дар бораи зиёни қабули муҳоҷирон нодуруст аст. Аммо муҳоҷирати қувваи корӣ аксар вақт таъсири манфии берунаро ба вуҷуд меорад, ки шакли хароҷотро мегирад, ки онро бо пул арзёбӣ кардан ғайриимкон аст. Масалан, муҳоҷирати нобаробар метавонад дар минтақаҳои алоҳида зичии аз ҳад зиёди аҳолиро ба вуҷуд орад, ки боиси ташаннуҷи иҷтимоӣ дар ҷомеа, бадбинии байни миллатҳо мегардад. "Хуруҷи мағз" ба тағйироти номатлуби сохторӣ дар иқтисодиёт, коҳиши нуфузи илми ватанӣ, пиршавии кадрҳои илмӣ оварда мерасонад.
Ба оқибатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ, чун қоида, инҳо дохил мешаванд:

  • афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бахусус, аз ҳисоби коргароне, ки мӯҳлати корашон гузаштааст, вале намехоҳанд ба ватан баргарданд ва умед доранд, ки боз дар кишвари мизбон кор пайдо кунанд;
  • афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ дар робита ба афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ.

2.5. Назарияҳо ва моделҳои ҳаракати байналмилалии сармоя Дар марҳилаи муосири рушди хоҷагии байналмилалӣ яке аз омилҳои асосии рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (МИБ) муҳоҷирати байналмилалии сармоя (МБС) мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ